МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Лекин инҳо ҳамонро ҳам ҳисоб карда натавонанд... худам то таги чил ҳисоб карда будам; ҳушам рафту гум кардам. Ин гоҳи парвози осмонӣ буд...
Чӣ касонанд инҳо. Ҳаштоду шаш сол, рӯз ба рӯз ҳисоб кардам; ҳамаш дар ёдам ҳаст. Осон аст? Чӣ рӯзҳое буд? Чӣ корҳое шуд? Солам аз сини пайғамбар гузашт. Ҳаминаш хуб нест. Набояд мегузашт. Бояд дар ҳамон сол мемурдам. Азроъил дар куҷое банди ҷонгирӣ буд, ки наомад. Ё худо нахост. Азроъилаш ҳам. Марг ҳам аз Худо зӯр нест. Зӯр худаш; ҳар коре хоҳад, бикунад. Метавонад маро аз нав... Лозим нест! Боз ҳамон азоб, боз ҳамон хориву зорӣ. Бода ҳам сабук накунад дарди касро. Лекин ман мераваму боз меоям. Бояд чунин гапзанон шавад. Бо Азроъил ҷӯра шудан лозим. Мард бошад, бояд бо гуфтаҳои ман розӣ шавад. Лекин як дипломат долларро аз куҷо ёбам?... Аааа! Илоҳӣ барака ёбӣ, Азроъилҷон, ҷонамро бигир! Осон бикун! Вагарна онҳо оташи дӯзах афрӯхтанд, ҳозир маро он ҷо партоянд. Коре бикун, ки оташ кушодаву фарох гардад ва мани мискин монанди Иброҳим дар гулистони миёни оташ фуроям; бо парашут фуроям; беозор... Омад-э, омад! Ба номи Худо, омад! Сабр мебод. О ин Шаҳин-ку! Чанд бор ҳаракат карда буд, ки маро кушад. Барои «келинчак» шуда. «Келинчак» ба ӯ нарасиду ба ман расид. Куштанӣ шуд маро. Чихел ман «келинчакро» партофта равам. «Ҳа?!» (Сӯроби Шаҳин гум шуд. Лекин Азроъил пайдо гашт. Бемор боз ба олойӣ даромад) Ҷӯрагӣ ҳамин, ки дар бехи дарахти чормағз, аз пасандозҳои магазин гӯр карда мондаам; дар як кӯза. Барои худат. Ҳамонро гиру... Оооҳ!!!»
Азроъил дар чашмаш ҷо гирифт, дигар аз он ҷо набаромад.
2.03.10
ГАҲВОРАҶУНБОН ВА МАЛАХ
Филмноманависро зарур афтод, то ба коргардон занг зада
пурсад, ки дар фасли зимистон кор оғоз ёбад, гаҳвораҷунбон
пайдо кардан имкон дорад ё на? Ӯ посух дод: «То алҳол чунин мушкилот пеш наомадааст, «эҳтиёт – ними ҳаёт» агар
пайдо гардад, саришта карда оред; чунки филмбардорӣ дар
фасли зимистон оғоз хоҳад шуд». Аз доноӣ буд ё аз нодонӣ
Асрор дар танги тирамоҳ гаҳвораҷунбони сабзранги дар қиёми рӯз болои алафи дубора сабзида дидаро ҷустуҷӯ кард, пайдо нашуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо