Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гашти рӯз пой ба алаф сойида, боғро гашт, аммо ҷонвари пойдарози шикамдамида ва миёнборики аспсар асрорангез пинҳон гашта буд. Вагарна ҳоҷати ин қадар ҷустан набуд. Асрор нависандаи шинохта бошад ҳам, бори нахуст дар филмбардорӣ ширкат меварзид ва чун навкори ҳавасманд сахт мехост, ки бозёфти ӯро дар филм ҷой диҳанд, то бозиву рафторҳои кӯдаконаашро ҳама бинанд. Овози худашро шунавонанд: «Гаҳвораҷунбон, хамира мушт кун!» гӯяд ва ҷонварак ду даст мушт гардонида, алвонҷ равад мисли гаҳвора. Аммо гаҳвораҷунбон пайдо нашуд. Асрор умедканда гашт. Нахост, ки нобарориро ба коргардон фаҳмонад.Рӯзи дигар чун офтоб замину ҳаворо гарм кард, Асрор боз аз паи актёри ояндаи филм афтод. Аз пеши пой чун донаи чӯби гӯгирд малахи синонбинии хароб ҷаҳида, дуртар нишаст; малахчае хокиранг низ парид, ки зери болаш лоларанг тофт. Вале гаҳвораҷунбон натофт. «Чаро кори дунё акс? Лозим набошад аз пеши пой барояд. Лозим шавад, рӯй пинҳон кунад. Рост:
рӯбоҳ бо харакӣ во хурад».
– Муаллим, аз замин чӣ меҷӯед? – чашмбанди кафшергарӣ ба пешонӣ бардошта ва рӯдаи васл дар дасти рост аз баландии оҳанрави шипанг нигариста пурсид усто.
– Дина як гаҳвораҷунбон дида будам, имрӯз мекобам, намеёбам.
Усто-муҳоботчӣ фармуд: «Ӯҳ, дар ҳавлии мо байни гулҳо як гаҳвораҷунбони гулранг мегардад аз гунҷишк калонтару аз мусича хурдтар».
Асрор хеле шод гашта чунин гаҳвораҷунбони бузургу зеборо хаёлан дар экрани кино дид ва аз усто хоҳиш кард, ки ҷонвари Худо фиристодаро дошта биёрад. «Кинобоб будааст»
гуфт ба худ, вале аз гумҷӯйӣ даст накашид. Ҳаво гарм шуд.
Сангчаҳои рӯйи замин тафсиданд. Малахчаҳо зиёд шуданд, ки ранги алафи ҳар ҷоро доштанд. Ба ногоҳ аз миёни алафи аз борони нахустини тирамоҳ сабзгашта гаҳвораҷунбони алафранг парида канор нишаст. Дар дили Асрор фараҳ омад ва табассум карда, аз пайи ҷонвар афтод. Чу асп қантар монд. Пайгирии одамро дида огоҳ аз қасди ӯ гашт. Дуртар парид. Асрор нӯгнӯги пой гашта, андаке қомат хамида, наздик омад, то каф зада, дорад.

пешина
аз 344
навбатӣ