Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Нашуд. Ҳар бор, ки наздик ояд, ҷонварак реб дода ба чапу рост ҷаҳад. Ба назар ҳар ду хаста гаштанд. Асрор қомат рост гирифта дарди миён рафъ карданӣ шуд. Гаҳвораҷунбон аз тарси он ки гирифтори доми тазвир нагардад, ду-се бор пайиҳам ҷаҳида, ба чапу рост тоб хӯрд ва ӯ ҷойи руст шудаи онро надид. Асрор низ печу тоб хӯрда рафт, то бори дигар парронда, ҷойи нишасташро аён гардонад ва нимтана ба болояш партофта, ба дом орад. Ин найранг ҳам кор надод. То нимтана ба замин афтидан ҷонвари тарсу парвоз кард. Асрор бозистод, чашм аз ҷонвар наканда, чанд бутта ҷорӯб канда, дастамонанд сохт ва хамида пеш омад ва пой пеш ёзида ҷорӯб ба рӯйи сабзранг андохт, ҷонвар зери ҷорӯб монд. Мурдаву зиндааш аён набуд. Ҷорӯбро оҳиста-оҳиста бардошта, пойи хоракдори онро дид ва даст ёзида ду ангушт амбурак бурда, дошт. Пой зад он. Хоракҳои пой ба дасташ халида, ғаши ӯро оварданд. Ба доштан дошту бо он чун муносибат карданро надонист. Намедонист, ки гаҳвораҷунбони пой ба ҷаҳидан омода сохта чӣ бояд бихурад.
«Доштед?» – аз сари бом садо баровард Усто.
«Ба доштан доштаму чӣ хӯрданашро надонам».
«Барги ток!» – аз таваккул буд ё рост фарёд зад Усто ва оташи кафшер шалола пошид.
Асрор дигар чиз напурсид. Балки андешид, то вақти наворбардорӣ онро чун зинда дорад? Зеро барги ток зарду сурх ранг гирифта.
«А, Усто! Чун нигаҳ бояд дошт?»
«Симу симтӯр оред, қафас сохта диҳам!»
«Хуш умри дароз! Зияд, назияд?»
«Саришта кардан даркор! Гаҳвораҷунбони ҳавлии мо аққол буд-дия! Боби кино!»
«Куҷост?»
«Наёфтам, соли дигар албатта пайдо шавад!»
Асрор дигар ба гап нагирифт Усторо, то кор намурад. Бутали «кола» пайдо карда бо гулмех танашро сӯроху ғилбор гардонд ва пойҳои ҷонварро рост карда, аз даҳони бутал ба даруни қафаси сохта андохт. Ҷонвар чанде пой зад, то озод гардад, вале ба девораи бӯтал бархӯрда ба дом омаданро дарёфт ва ба қади девор боло хазид, то раҳо ёбад. Зиндон актёрро танг омад...

пешина
аз 344
навбатӣ