МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
То гушна намонад, Асрор нӯгбарги сабз канда, пилтапеч ба бутал андохт ва дер нигарист, ки хурад, ҷонвар нахӯрд. Малахак ҷаҳид. Зери болаш сурх парвоз карда, чанде дуртар нишаст. Асрор оҳиста пой гузошта наздик шуд ва бо як каф задан малах ба даст овард ва ду пой канда, ҷисми бепой назди гаҳвораҷунбон андохт ба сар. Чунон ки гурба муш рабояд, аспсар аз сари малах дошт. Оне қарор истод ва ба макидан оғозид. Чанд муддат гузашт, малах пажмурид.
Гаҳвораҷунбон талоши раҳидан дошт: ба девораи бутал рост шуда баромад, чун даҳони маҳкама баста дид, воруна гашт. Асрор фараҳманд буд аз амали хеш, ки фардо гоҳи филмбардорӣ чӣ нағмаҳо кунад актёри навзуҳур. «Гаҳвораҷунбон, хамира мушт кун!» гуфта садо барорад, сабзранг панҷа мисли тифл мушт карда, сахт нигаҳ дорад, ки хамир мушт карда бошад. Сонӣ ҷунбад ва бойиси ғулғула афкандани овозҳои якҷоя гардад. Хӯрданиаш ҳам рӯшан шуд, инак малах шикор кунад. Малахе парвоз кард, ки пештар надида буд ё дида бошад ҳам аҳамият надодааст; малахи синонбинӣ, ки чунин бинии найзасуратро сари бинии моҳие дида буд дар телевизор. Ҳоло малахи монанд ба донаи гӯгирд пайдо шуд, ки бо осонӣ дошта назди гаҳвораҷунбон андохт, вале актёри назарбаланд ба ӯ нигоҳе накард; надида ангошт. Малахҳои дигари ба назараш ғуммачаи гӯштдор дошта андохт даруни бутал; баъзеро як линг канда андохт ва чандеро солим. Ва онҳо ба позаниву ҷасту хез даромаданд; баъзан ҳунарманди ояндаро расидаву зада мегузаштанд. Ӯ чизеро эҳсос намекард. Мисли бум орому хамӯш буд. Дастон бардошта, ангушт мушт карда, омода ба базме гашта, мушоҳида дошт майдони базмро ё набардро; зеро Асрор онҳоро зиёд ҷо кард, то гаҳвораҷунбон хӯрда, фарбеҳ гашта кинобоб гардад. Чунон ҳам шуд: шикам бузург кард ва то дум дамид. Пойҳои дурушту дағалаш низ нерӯманд гашта, ҳайати паҳлавононаи ӯро мебардоштанд. Асрор аз бозёфти хеш шод буд. Ба режиссёр занг зада, изҳор дошт, ки актёр омода мегардад, ба суруди он оҳанги мувофиқ пайдо бояд кард. «Нахуст пул бояд ёфт!» садои ҳазини коргардон омад ва тарбуз аз бағали филмноманавис афтид: «Дунё дар болои пул устувор».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо