Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва он бегоҳ умедканда буталро ба мошин нагирифт. Буни девор гузошту рафтагор шуд.
Усто фармуд: – Пагоҳ – ҷумъа. То вақти намози ҷумъа ҳавлиро мебинам, гаҳвораҷунбонро пайдо карда меорам. Ганда калон-дия! Кинобоб...
Ними шаб аз хоб бедор гашт ва оварди гаҳвораҷунбону малахҳоро пеши назар овард: ҷанги маҳбусонро мемонд, ки барои сарварӣ ҷонбозӣ доштанд. Аз ҷогаҳ бурун наомада, таъбири хоб ҷуст ва якбора ҷаста, дасту рӯй нашуста ба мошин нишаст ва бозорҷо рафт. Бутал дар буни девор. Андарунаш актёр нақши тоза меофарид: рӯйболо буд. дастонаш мушт, малахе дамидатар аз ӯ паҳлӯи шикамашро дарида, хун мемакид.
9.11.10.

ГӮРИСТОНИ ҒАРИБОН
«Домулло... Домулло! Домод! Аҷаб... Касе нест магар? Ё кар шуда бошанд? Ман, ки кӯр шудам, онҳо бояд кар гашта бошанд. Зиндагӣ чунин будааст: мисли гул рӯёнаду шукуфонаду ҳаваси якдигарро оварад: чун рангу накҳаташ рафта, гулбаргҳо пажмурида, резанд, соли дигар рӯянд. Одам ҳам чунин. Аммо пажмуридани гулу гиёҳ аз фавти одам фарқ дорад:
одам мурд, ки мурд... Куҷо шуданд инҳо? О домулло! Ҳааа...
Овозам паст; ранги овози мурдаи гӯр... О домод!!! О очаш! О Идигул!... Духтар ҳам нест. Куҷо рафта бошанд? Наход бо чунин умри дарозу бемории домана ба дили ҳама зада бошам?
Сад сол каму ғам нест. Дидагиамро дидам; шунидагиамро шунидам... Худо донаду ман донаму... Сад соли умр як рӯ, сад рӯзи бистарӣ як сӯ... акнун фаҳмидам, ки чаро пирон ба Худованд ниёз оварда «Осон бикун азоби ҷонканданро» мегуфтаанд. Лекин дарди ман аз азоби ҷонкандан, аз азоби гӯр сахттар.
Худованд дод, ман саришта карда натавонистам... Аз худам гузашт. Худоро худодод донистам, бандаро хомӯшак. Беақлӣ будааст... Он қадар ҳам нею, баъзеҳо чунин донистанд; аз савлатам, аз давлатам... Худоё, фурсати васият фаро омадаст, ҳеҷ кас нест, то гӯям дарди дил. Вагарна бо фармуди кадом дилсӯзи ҷигарбиён бурда ба кадом лаҳади танг андозанд ва ман ҷавлон зада натавонам. Одами як умр ҷавлонзада андар ҳаргуна мазор ё гӯр ҷавлон зада натавонад. Аз дилсӯзӣ паҳлӯйи падару модар гӯронанд, вале ман лойиқи чунон мазору чунин гӯр нестам.

пешина
аз 344
навбатӣ