МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Як умр дур будам аз падару модар, дигар оби чашми онҳоро дидан нахоҳам; зеро онҳо «Ғаматро набинем» мегуфтанд. Агар паҳлӯи онҳо афтам, душманонам маро сахт азоб диҳанд, зодагонам дубора муранд. Лозим нест. Аз барои Худо лозим нест! Маро набаред назди зодагонам!»
Пирмард набинад ҳам хаёле намуд, ки дами дари хонаро касе гирифт. Ӯ абрувон боло бардошта, чашмон фарохтар кушода, сӯйи дар, ки дар чунин ҳолат ҳам дар куҷо будани онро медонист ва гоҳи бурун рафтан озод убур мекард, нигарист ва пурсид: «Кист?»
– Ман!
– Домулло? – аз садояш шинохта фармуд пирмард. – Куҷо шудед? Ин қадар, ки фарёд задам, ҳалқам хушк шуд.
– Ҳамин ҷо будем, бобӣ; дами дар. Нашунидем. Ягон ...
– Бишин. Домулло, худат як одами аз ду ҷаҳон бохабар; ҳама чизро фаҳмӣ... Ғайри ҳардумон касе нест?
– Нест, бобӣ, нест.
– Хушдоманат ҳам нест?
– Нест бобӣ, нест.
– Бачаҳои худат ҳам?
– Нест бобӣ, нест.
– Куҷо рафта бошанд?
– Савдогарони Истрӯшанӣ мол овардаанд, сари масҷид рафтанд.
– Савдогарони Истрӯшанӣ? Ҳамун сумкабардӯшон?
– Ҳамунҳо...
– Ҳааа... Домулло!
– Лаббай!
– Агар ман мурам, ба кадом гӯристон бурданӣ?
Домулло дам ба дарун гирифт. Ба андеша рафт, ки падарарӯс дар умри садсола чӣ корҳо карда бошад? Чаро якбора сахт гирифт? Деҳа се гӯристон дорад, дили бобӣ кадомеро мехоста бошад?
– А, ба кадомаш?
– Дили худат кадомашро хоҳад, бобӣ?
– Худат мулло, ҳама чизро медонӣ, мефаҳмӣ. Хаёлам, гуноҳу савобро бар кашида, муайян карда метавонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо