МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Моли танҳоро гург хурад» мегӯянд.
– Боз чӣ гӯристон ҳаст?
– Гӯристони «Ғарибон» Ғарибакҳоро, бекасонро гӯр кунанд он ҷо.
– Аз ҳад паст нест?
– Паст... Лекин дар он ҷо як кас ба чашми худат нигоҳ карда натавонад.
– Агар рӯзи дафн ҳафту ҳашт кунанд, бигӯй, ки худи Бобӣ васият карда буд.
24.11.10
ХАЛТАИ ШАФФОФ
Халтачаи клиёнкаи сафед чун қуттии овоздиҳист, ки бардошта назди асир ё бемор баранд; андарунаш бюлетенҳо равшан тобанд. Қуттӣ шаффоф, халтача низ шаффоф. Пулҳояш то банд низ шаффоф. Яксомонӣ, панҷсомонӣ; танга ҳам дорад. Писараки қадпасти пилки чашмон баргашта, қиёфаи нимодамиаш мароқангез ва мӯйи сари истехаш, гӯшҳои монанд ба гӯши кафтор гирдааш низ диққати бинандаро рабояд. Халтачаи ӯ чун қуттии овоздиҳӣ дар ҷое мехкӯб нест, балки ӯ онро аз ду канораш дудаста дошта, аз як тарафи одамони ғамнок сафистода гардонад ё бар марзаҳои гирди гӯрҳо рӯймолча ё рӯзнома густурда, нишаста, гунгона ва орому хомӯш ба қиёфаи ҳар кас як бор нигарад ва сар андозад, то симои булаҷабашро набинанд.
Вале аз ҳолату авзоъаш барояд, ки ба чунин андеша ақлаш надавад, балки безабониашро дониста, сар хам кунад. Зеро нияташро пайбурдан чандон душвор нест. Ӯ ин корро гоҳе ба амал орад, ки яке аз хешони мурда андар лаби ҷома ё фӯта хоки гӯр гирифта назди ҳар кас барад, то якмуштӣ гирифта «Аз хок рӯйидаем, бар хок шавем» хонда, суф бар он кунанд ва нигарон истанд, ки домони дигар ояду хоки дамидаро ҷамъ карда, бурда бар лаҳад андозад. «Аз хок бурун омада, бар хок шуда». Домони саввум халтаи ӯст. Халта шаффоф ва ҳар кас бинад, ки кӣ чанд дирҳам ё сомонӣ андохт. Писарак ба ҳар пули афтида ба дом нигарад ва ним қадам гузошта, рӯйи ниёз ба дигаре орад. «Фарз кардем, ки дар як рӯз ду мурда омад ба ин гӯристон?» ин одам коргари бонк, инаш иқтисодчӣ. «Ҳар гӯристонро намедонам-ку, дар худи шаҳр ҳар рӯз, тавба кардам, чанд мурда ҳаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо