МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ин бачча ба ҳамааш расида натавонад». «Мерасад. Таксӣ гирифта...»
«Шумо тасаввур кунед, ки ин бачча дар як моҳ чанд кор кунад?» «Аз пулҳо пули муш расад ба ӯ. Чӣ шумо гумон доред, ки ақли ҳамин бачча, бо ҳамин ҳол ба чунин кор расад? Неъ! Муаллим дорад, албатта». Чунин ҳарфҳо миҷаи ӯро хам накунанд.
Зеро гунгҳо одатан кар ҳам шаванд. Ӯ ягон чиз нагӯяд; як бор чашмони пилксурхро ба чашм дӯзад, сар андозад; боқӣ гунгу хомӯш, кар. Надиҳанд ҳам (чунин касон кам нестанд) чизе нагӯяд; халтаро зуд ба тарафи дигар гардонад; ба тарафи касе, ки ҳоло пул надодааст. «Мурда бинад, хайри шуморо». Ӯ хоҳад, ки чунин гӯяд, аммо забони гуфтор надорад. Шояд дошта бошаду гуфтан нахоҳад. Аммо ақли сипос гуфтан надоштанаш яқин; чунки барои сипос гуфтан забон лозим нест; имову ишора кофист. Ақлаш нарасад ё шояд барои пули ночиз миннатдорӣ кардан раво набошад; чунки милён-милён гирифта, кушта ҳам раванд. Аз хуни чашмаш барояд, ки аз дасташ ояд ё... Писарак, ки номашро касе аз ҷанозахонҳо намедонист, ҳамроҳи гӯркобон бимонд ва баъдтар назди дарвозаи қабристон пайдо шуд, ки имрӯз боз ҷаноза оранд ё на?
Чанд рӯз гузашт. Писаракро дар паси панҷараи дарвоза, андар курсии таҳпанҷара нишаста диданд, ки бас безобита, парешон ва гирён буд. Ӯ мегирист, вале чизе гуфта наметавонист. Валек чашм ба роҳ, боз тобуте оранд ё на? Пас сабаби гиряашро каси ғайр набояд донад. Шояд дар гӯристонҳои дигар мурда бурда, ба ин ҷо наоварда бошанд, ки бе рухсат ҳар гуна мурдаро дар ҳар гӯшаи манзили охират роҳ надиҳанд. Аз ӯ пурсида нашавад; чунки фаҳмонда натавонад ва ё гуфтан нахоҳад. Ҳолдонҳо гӯянд, ки писарак дар гӯристонҳои дигар низ по дорад. Аммо имрӯз дар сари гӯр нест. Дар домон хок биёранду баранд ба гӯр. Касе нест, то баъди онҳо он халтайи шаффоф сӯйи ҷанозахонҳо биёзад, ки андарунаш пул гузоранд.
Андар сари синаи чанде суратест, ки сахт монанд ба он писарак. Вале на сурати зинда, бал сурати мурда, ки миёни гӯрҳои қабристон хуфта ва бар синааш ханҷаре халида...
Чӣ борони шадид, ки бораду борад, натанҳо аз чашмҳо, бал аз сари одамон ашк резад.
3.03.10.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо