МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
РАҚСИ СИТОРАҲО
Эълони озмун чунин буд: «Рақси ситораҳо». Ҳақиқатҷӯ эълонро хонду тасмим гирифт, ки баъди Худо додгаре пайдо шавад, бояд дар чунин бозӣ пайдо гардад. Зеро санъати тозаву соф аст ин ҳунар ва набояд касе ҳаромкорӣ бикунад. Дар як тараф доварон. Дар рӯбарӯ, гирдогирд ва болконаҳо тамошбин, ҷуфти рақс андар миёна. Оҳангҳои шаҳдрез, марғуб ва ҷуфтҳо ҳар гуна паррандаи зеборо монанд. Аз ҳар гӯша наворбардорон лаҳзаҷӯ, нуқтагир. Толор равшан, моҳчароғҳо давр гарданд.
Вале сардовар то ҳол рақами «10»-ро набардоштааст. Дигарон аз рӯйи дониш, фаҳмиш, арзиш ва ҳиммат баъзан бардоранд ин рақамро. Дар миёни рақси ҷуфти навбатӣ сардовар «олиҷаноб!» гуфт. Доварони дигар ба ӯ нигаристанд; рамуз гирифтанд. Марди раққос куртаи сафеди то ноф гиребончок дошт ва мӯйи сари сина пӯсти сарсинаро пинҳон медошт.
Раққоса низ сафедпӯш ва нимбараҳна, домони чок-чоки пираҳанаш бод гирад. Доварон низ каф кӯфтанд. Зани сурхпӯши зебо, ки паҳлӯйи сардовари сафедмӯй буд, пешдастӣ карда, гӯё бо ин ҷуфт ҳамзабон бошад, шӯхиомез сухан гуфт ва бештар марди зӯрманд ва болоқомат будани ҳамрақсро сутуд. Ба ҳар сухани ӯ раққоса даҳон воз дошта ва баъд фарохтар кушода, ханда мезад. Дигарон илова карданд. Баранда низ фаҳмишу биниши хеш баён кард. Сонӣ микрофон ба даҳони онон дошт. Шодмонона сухан гуфтанд онҳо ва якдигарро бӯсиданд. Баранда рӯ ба сардовар овард. Ӯ рақами дӯстдоштаи ҳама «10»-ро бардошт. Толор ба чунин ҳиммат каф кӯфт. Доварони дигар низ ин рақамро бардоштанд якранг. Ҳосил – «50». Ҳунару маҳорати баланди раққосон қадрёбӣ шуд. Дар лаби тамошобинон, доварон ва ҳунармандон табассум дамид.
Ва буданд онҳое, ки табассумро надонанд. Ҳақиқатҷӯй аз ҳамин қабил буд. Сахт мушоҳида дошт, вале ягон бор каф накӯфт; зеро як даст зери манаҳаш банд буд, то ҷоғ наафтад.
Он қадар ба доварон дида дӯхта буд, ки раққосонро надошт чунин муҳаббат. Аз ин рӯ баҳои мондаи доваронро сарфаҳм нарафт. Ба рақси навбатӣ ҳама рақами ҷуфти «10»-ро бардоштанд ҷуз сардовар. Ӯ «9»-ро бардошт. Занаки сурхпӯши паҳлӯяш дод зад: «Даҳ гуфтию нӯҳ бардоштӣ!» «Ман гуфтамку эродамро!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо