МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Хондам! Хондам! Хондам! Ин гапро дигарон ҳам гуфта тавонанд. Ман ҳам гуфта тавонам!
– Овардам, аввал назди худатон овардам. «Вақт надорам»
гуфтед. Лекин Устод бо ҳама серкориаш ин хел нагуфт.
– Ман намедонистам, ки ту чунин ҳикояҳо менависӣ. Сарсухани ӯро хонда, донистам, ки лаёқат доштаӣ, ҳатто ба гуфти устодат «истеъдод»... Ҳарчӣ бошад–набошад, онҳоро бисёр наздик роҳ надеҳ. Гург бо инсон ошнойӣ накунад... Ту ҳоло кӯдак, ин чизҳоро намефаҳмӣ. Ӯ ин таърифҳоро барои ту нанавиштааст, барои худаш навиштааст, то ба мо наздик шавад.
Лекин ин кор номумкин. «Каҷдору марез» кардан мумкин.
Аммо наздик гузоштан номумкин. Наход надонӣ, ки мо... Мо бояд қадамамонро дониста гузорем, сарамонро баланд дорем; китфонамон бардошта бошад; рӯямон сурх намояд; нағз пӯшем; нағз хурем ва ба ҳар гуна даҳон гӯш надорем... Мо бояд бошем. Шунидӣ-а?
– Устод одами хуб. Ба касе кор надорад.
– Баъд мефаҳмӣ нағзиву бадии устодатро. Вақте ки адабиётро обзор карду пучу фач ва мадҳу сано будани навиштаҳои моро ошкор сохт, саломат медиҳам.
– Устод ин хел кас нест. Рӯйи Худоро дида, баҳо диҳад.
– Мо рӯйи Худоро надида-а? Ҳамту гуфтанӣ-дия ту?! Ин хел гуфтан мумкин не! Наход вазъу ҳолро нафаҳмӣ-ту?! Бад бошад ҳам, аз они худамон хуб. Биринҷамон оббардор. Ҳама чиз ҳаст! Наход ин чизро нафаҳмӣ?!
– Фаҳмидам... Лекин рӯйи Худоро дида бояд гуфт. Устод метавонист чизҳои шогирдонаи маро ба осмон бароварда, ба замин занад. Лекин...
– Пас устодат одами дурӯя, ҳаромкор, дурӯғгӯ... Тамаъ ҳам доштагист.
– Ба ман чӣ чашми тамаъ кунад? Чӣ дорам ман? Китобчаам чоп шуд. Ёздаҳ дона ба ҷойи ҳаққи қалам гирифтам.
– Мо кӯрнамак! Мо ҳамин хел кӯрнамак! Буро! Дигар ин ҷоҳо набиё! Ту одами мо не!
Дижам сахт гирифтору тангдил гашт. Назди Устод наомад, то рӯзи Олим ба сараш наафтад. Зеро ба Олим ҳам чунин гуфта буд: «Ту одами мо не!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо