МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Дурӯғҳоятонро монед. Ман шумо мардумро нағз омӯхтам:
бе дурӯғ зиндагӣ надоред. Ба дурӯғатон бовар намекунанд.
Савганд мехуред, ки батар аз дурӯғ аст. Савганд зодаи дурӯғ.
– Шумо одами аҷиб-а? Чунин маншаатон аз барои чӣ? Ман каллапӯши шуморо надуздида бошам; шуморо надида бошам; дигар ин ки каллаи шуморо бинанду каллаи маро: яке ошкадуи таппа тайёр, дигаре тамошокаду.
– Аз они кӣ тамошокаду?
– Аз они ман. Барои ҳамин ҳам кулоҳи шумо ба сари ман кор наояд. Каллаи тамошобоби ман ба даруни кулоҳи шумо ғӯтида равад.
– Канӣ кулоҳатонро гиред, ман бинам. Эҳее. Ин чихел сар?
На як тор мӯй, на як хол! Инхел-ба албатта ба кулоҳи ман рост наояд каллачаи шумо.
– Баъд чӣ хел кулоҳи шумо шавад?
– Худатона кушед ҳам ҳамин кулоҳи ман. Барои исбот:
«Монек. Маде ин Чехӣ републик.1979».
– Ҳамин хел: «Монек. Маде ин Чехӣ республик. 1979».
– Пас чихел аз они ман набудаст?
– Аз они шумо. Гиред! Сар бошад, сарпӯш ёфт шавад.
– Чанд пул?
– Бепул.
– Ман бепул намегирам. Ҳозир бепул, мегӯеду аз пасам менависед. Ки хориҷӣ кулоҳи маро дуздид.
– Чунон ки шумо?
– Ман? Ман дар куҷо навиштам? Ба куҷо арз кардам?
– Ман ба куҷо арз кардам? Бахшидам кулоҳро.
– Бахшидед? Чӣ ман ба шумо... вай? Ман ба шумо ришвахӯр? Ман ба шумо, суд? Прокурор. Порахӯр? Дузд?!
– Ман ин хел нагуфтаам. Худатон гуфтед. Бинед, чӣ қадар одам ҷамъ кардед! Айб нест? Гиред! Ҳамин кулоҳ сару каллатонро хурад!
– Сару каллаи худатонро хурад! Ман ба кулоҳи шумо зор не! Ҳазортаашро пӯшидагӣ. Аз баччагиам мепӯшам. Ин шумо якторо дуздида, дар чунин ҳавои гарм ҳам каттагӣ карда, пӯшида мегардед!
– Сарам хунук мехурад.
– Сари ман ҳам... Саратона хурад кулоҳатон...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо