Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ин кулоҳи шумо-ку?!
– Ин кулоҳи сархӯр кулоҳи ман не. Партоед ба замин, одамон аз болояш гузаранд. На аз шумо шавад, на аз ман. Ин кулоҳи сархӯр аз сари ҳама монад...
16.03.10.

ДУ ДАРДМАНД
Дардманд пирмарди шастсола, ки баъзан хешро адиб донаду баъзан бекорхӯҷа ва баъзан ошиқ; ошиқиҳояш хаёлӣ ё ба хотири хуш доштани табъу руҳи касе. Вақтҳои охир ин хамаро фаромӯш карда, дар қатори беморони «ноилоҷ» номнавис шудааст. Дардаш ба дардҳои заминӣ монанд нест. Осмонӣ. Ба табибон чунин фаҳмонад: «Рӯйи осмон кушода бошад, ман нағз.
Чун осмон рӯ пӯшонад, ман бад; ҳолам бад: табъам гирад, баданам ланҷ шавад; хуши кор намонад; гӯшҳоям мисли зилла «зӣ-зӣ» кунанд.
– Аслатон аз куҷо?
– Аз ҳамон боло.
– Ҳааа. Барои шумо дар рӯи замин зиндагӣ кардан сахт душвор. Бояд ба ҳамон баландӣ баргардед.
– Чихел?
– Одам дар пирӣ бояд ба зодгоҳаш баргардад. Вагарна, сахт азоб кашад.
– Азоб ҳам гап? Аз азоб зиёдтар боз чӣ ҳаст?
– Марг.
– Неее... Ба назари ман, марг зиндагии аз ҳама осон. Сабук; ҳамон як даме, ки як умр одамро азоб диҳад, барояду зиндагиро сабук кунад. Шумо сабр кунед, ман суханамро хотима бахшам. Ман барои он ин ҳарфро мегӯям, ки якумр азоб кашидам, чизе надидам. Ҳатто ҳокимони вақт надонистанд, ки чун ман ҷондоре ҳамватан доранд.
– Худатон ҳама торикиро рӯшан кардед: модом, ки шумо осмонӣ бошед, ҳеҷ вақт шуморо чун ҳамватан напазиранд.
Шояд мурдаатонро дар гӯристони маҳалла роҳ надиҳанд. Асоро ба торикӣ бояд зад. Дору надорро бояд фурӯхт, ракета бояд фармуд ва ба ҷойи омада бибояд баргашт. Дарди шумо, муҳтарам адиб, давои дигар надорад.
– Сахт, табиби муҳтарам, сахт.

пешина
аз 344
навбатӣ