Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Илоҷи дигар нест. Аз ин сахттар шуданаш мумкин». «Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал», ман ҳам мисли шумо...
– Шумо ҳам аз он баландӣ...
– Неее, ман ҳам мисли шумо андеша дорам, ки дар ин пастиҳо зиндагӣ кардан сахт мушкил, лекин илоҷи дигар нест.
«Шод бояд зистан, ношод бояд зистан». Аммо шумо метавонед баргардед.
– Чун?
– Чунон ки аз боло омадед.
– Неее... Ман наомадаам. Хаёл дорам, ки аз осмон фуромадаам.
– Ба шумо осон: хаёл кунед, ки дар он ҷоед. Зиндагиатон нағз... дар он ҷо чӣ мехӯрдед?
– Ҳич-чӣ.
– Чӣ хел нағз? Тасаввур кунед, ки ҳич-чӣ мехуред. Касе шуморо озор намедиҳад. Агар нохунатон дард кунад, боз биёед. Ман ҳоло ба шумо як роҳхат медиҳам. «Узӣ» мекунед...
Узӣ ва дигар табобатҳои электронӣ дар гӯшаи соҳати бемористон. Зани миёнасоли сафедрӯй андар хоначаи танг миёни чанд дастгоҳи электронӣ бар курсие нишаста, ба андеша рафта буд, ки марди сафедмӯйро дида, салом дода, сарипо шуд.
Коғази доктор навиштаро аз назар гузаронида, пирмардро ба курсие нишастан хонд ва дастаи дастгоҳи хомӯшро тоб дода ба кор даровард ва як трубаи монанд ба шакли гули банги девонаро ба гӯши бемор рост кард. «Ҳа ҳамин – росташ. Аз боди сард ба дард меояд... Об ҳам меравад. Ҳамаашро ба доктор гуфтам, ҳамин коғазро навиштанд. Зиндагӣ гуфтани чизро нав фаҳмидем; як рӯз сиҳҳат не...»
– Як касро надидам, ки «ман сиҳҳат» гуфта бошад. Ҳама касал. Ин чӣ рӯз, худам нафаҳмидам...
– Худи шумо ҳам? Духтурон ҳам?
– Ҳама, ҳама...
– Аҷаб... Ман гумон кардам, ки дар ин дунё як ман дардманд... Пеш ин хел набудам... Ин гӯшмонакатон гармӣ надорад-у.
– Ин ҳамин хел дастгоҳ, ҷопонӣ, гармии баланд зарар орад.
– Ҳамту бошад ҳам, бояд гармӣ дошта бошад. Чунки дар Қариёи Боло як бор монда буданд, гармӣ дошт... лекин он даврони Шӯравӣ буд.

пешина
аз 344
навбатӣ