МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Шӯравӣ бошад ҳам нафъ накард. Хаёлам инаш ҳам...
– Шумо бояд бо ихлос қабул кунед; ихлос надошта бошед, ин корҳои мо як пул. Ихлосу халос...
– Як пул бошад, ман бояд чанд рӯз қабул кунам?
– Даҳ рӯз.
– Даҳ рӯз, даҳ пул. Арзон-ку? Дар он ҷо ҳар рӯзаш даҳ пул буд.
– Нафаҳмидед.
– Лекин нафъаша надидам.
– Аслан табобати халқӣ кардан лозим; заҳри набераҳоро чакконед.
– Заҳри бибеш кам буд, ки боз заҳри набераҳоро гирам. Аслан гӯшам аз заҳри забони бибеш ҳамин хел шуд: «Шумо чӣ хел шӯйи сусту муст? Шӯйи Махмалро бинед, як халта орда сари китф карда, мебарад... Домоди Ҳалим мошина мебардорад-э!» Зан-дия, ба вай чӣ мегӯед... Мӯйи дароз дошт, пеши сартарош бурда кӯтоҳ кунондам, ки шояд ақлаш дарояд. Не.
Ҳамон хел мурду рафт... Ба ман ин хел нигоҳ накунед, духтур.
Ман девона не. Лекин гӯшам ҷаранг дорад. Инро ба доктор гуфтам. Гуфт: «Мо ин хел дардро намедонем. Вақти ҷаранг задан сахт кашида, «Салавот бар Муҳаммад!» гӯед, мегӯд. Ҳар кию ҳар чӣ, ҳамин хел ҳам кардам, нашуд; чунки садо дар гӯш не, дар сар пайдо шуда будаст; зеро дар гӯш чанд қабат пахта ҷо кардам; бо ангуштон сахт доштам, нашуд. Якхел, дурудароз «зӣ-зӣ»мегӯяд; бетанаффус; шабу рӯз. Вақти зинда будани раҳматии бибеш ин чизро фарқ намекардам, чунки ӯ беист гап мезад; дигар хел садоҳоро намешунидам. Акнун беист мешунавам садои ғайбиро. Аз осмон меояд; чунки дар замин на одам, на ҳайвон ин хел садо карда натавонад. Ҷуз зилла. Ҳамон ҳам дар тамузи тобистон...
– Гарм шуд?
– Неее. Ҳоло зимистон-у?
– Гӯшатон гарм шуд?
– Гӯши ман бо ин хел алоб гарм намешавад. Як бор дар гӯши худатон монед...
– Рост мегӯед. Аслан гармӣ надорад.
– Хаёлатон, ки ман ҳич-чиро намефаҳмам? Мефаҳмам; дар таги замин мор кавша кунад, мефаҳмам, аммо рӯшод гуфта наметавонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо