Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Шояд айби тарбия ҳам бошад. Ба мо гуфтагӣ, ки чарм ба рӯй кашему пардаи рӯйи касеро надарронем. Масалан, ман шуморо гуфта наметавонам, ки ба кори худ сахтгир нестед; чун ки ҳақ надорам, бори аввал шуморо дидам: занаки хуб, хушмуомила. Боодоб, бамаънӣ; касро ранҷонидан нахоҳед, аммо ба зарари хеш кор кунед. Накунед ин корро... Аз ман хафа нашавед, дар дил асроре доред; ба касе намегӯед; як бори гаронро бардошта мегардед... Зарар дорад. Накунед ин корро. Одам бояд ҳама чизро кушоду равшан гӯяд, то дилаш холӣ шавад, зардоб нагирад...
– Шумо аз куҷо донед, ки дили ман зардоб гирифта?
– Ранг гувоҳи ҳол бувад... Дар зиндагӣ он қадар дидаму шунидаму донистам, ки ҳисоб надорад; ҳамаи онро гуфта нашавад. Ба кӣ ҳам мегӯед. Гӯши суханшунав нест. Мебинам, ки шумо гирифтори аламҳои хеш ҳастед, баъзе чизҳоро бароятон гӯям. Лекин ба гуфтан ҳам эҳтиёт бояд шуд. Девор муш дорад, муш – гӯш. Ҳамин қадар шуморо гӯям, ки ба ҳар чиз эътибор надиҳед. Занг оҳанро хурад. Андешаи зиёди нолозим батар аз занг аст... Чӣ дард доред?
– Ман? Ман дарде надорам... Ба назари шумо дард дорам?
– Ба назари ман... ба назари ман... чизе ҳаст. Як чизи номаълуме ҳаст. Аз осмон ё замин чизе шуморо коҳиш дорад.
– Чиз не, кас, – беихтиёр аз забони зан баромад...
– Ҳааа, фаҳмо: шумо касеро дӯст медоштед. Гум кардед...
– Аз куҷо донистед?
– Ба назарам, ҳама чизро ба шумо гуфтам... дарди шумо як роҳ дорад: боз ошиқ шавед.
– Он ошиқӣ дигаргуна. Нотакрор.
– Ҳама чиз илоҷ дорад. Ҷуз маргу дарди бедармон. Дарди шумо дармон дорад. Як бори дигар ошиқ шавед. Ҳама чиз фаромӯш хоҳад шуд... Хеле пеш аз маҷаллае ҳикояте хонда будам: ҷавоне дардманд гардад; дармон наёбад. Ӯро тавсия кунанд, ки пиразане бознишаста ҳаст ҳакиму табиб. Наздаш бирав. Дарди туро ӯ даво бахшад. Пиразан матлаби ӯ шунида гӯяд: «Ошиқ бишав». Ҷавон пиндорад, ки муроди пиразан хештан аст. Табиб калавидани ӯро дида фармояд: «Шарт нест, ки ба кас ошиқ шавӣ. Ба касбу коре ё чизе бояд ошиқ шуд...

пешина
аз 344
навбатӣ