МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Чун ошиқ шавӣ, маро фаромӯш хоҳӣ кард». Ҷавон ошиқ шуд ба кори хеш. Пиразанро хабар мегирифт. Сонӣ фаромӯш кард; пайғоми мурданашро аз рӯзнома хонд...
«Бе ғам тобад сафедмӯй, – баъди рафтани пирмард чунин андешид Ҳалима. – Худи ки кори дигаре надошта бошам; андешаи дигаре, ғами дигаре надошта бошам... Мард – мизоҷ як хел хаёл мекунад; ягон ҷойи зан дард кунад, мард мебод; навозиши дасти мард гӯё ҳама ғаму андӯҳ ва тафси тани занро паст кунад. Гӯё мард набошад, зан зиста натавонад. Таъсири маталу афсонаҳо ҳам будагист. Ин қиссаро ба ҳар мард фаҳмонида нашавад... Лекин ту – дастгоҳи азизи ман аҷаб коре кардӣ.
Одами боақлу ҳуш натавонад чунин амалро ба ҷо орад. Ту чун тавонистӣ, ки дар умри сарат як бор чунин дам гирӣ, роҳат бошӣ; махсус дар чунин рӯз? Ба назарам, гоҳе ки гӯши туро ба гӯши ӯ гузоштам, чизеро пай бурда, чунин рафтор кардӣ; яқин пургӯйиаш нафорид. Лекин суханонаш беҷо не. Чизакҳое дорад дар мағз. Вагарна чунин ҳикояти пандомез намегуфт. Одам ба кор ҳам ошиқ мешудааст. Мардуми мо ишқро андар миёни марду зан бинанд... Минбаъд туро зиёдтар дӯст дорам, дастгоҳи азизам. Чанд бор тоза гардонам; гарм кунам; болоятро пӯшам; бӯсам. Коре, ки ту бикунӣ, ақл карда натавонад; зеро ту ҳосили ақл ҳастӣ.
– Не. Ҳар коре шавад, ман алами падарро фаромӯш карда натавонам. Ин хел падари меҳрубону хуб дигар ба дунё наояд.
Ӯ нохост мурд, мо аз дидораш сер нашудем. Ҷуз андӯҳ чизе дар вуҷуди ман нест.
– Падару модарро дубора пайдо кардан имкон надорад. Лек Ошиқ бишав!
Мӯҳлати табобат поён ёфт. Пирмард гирифтори андешаҳои хеш буд, ки занги телефон баромад.
«Ало! Иди мардон муборак! Дигар наомадед?»
«Шумо «биё» нагуфтед».
«Ало! «Наврӯз» муборак! Дигар наомадед?»
«Шумо «биё» нагуфтед!»
«Ало! Зодрӯз муборак! Дигар наомадед?»
«Шумо «биё» нагуфтед!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо