Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

МӮКИҲОИ ДАРИДА
Хушмурод чун ҳама шубонон мӯкиҳои даридаи хешро кӯк андохтаву дарбеҳ карда метавонист. Вале тагӣ баста наметавонист. Тагӣ на аз чарм, балки аз резини ворафтаи чархи мошинҳои боркаши баъди Ҷанги Бузург ба ин мулк омада. Ин амалро устоҳои мӯкидӯз ихтироъ карданд, ки резин бадошт буда, кӯҳи Чоруқдаррон ҳам онро хӯрда накунад. Риштааш низ бадошт; усто чанд қабат ришта тофта, мум зада, бовар кунад, ки дошти якумра дорад, аз резини чархи мошин бо теғи дашнасурати кӯтоҳ пораи базӯрӣ буридаро ба мӯкӣ так бандад.
Албатта чунин амалро Хушмуроди шубон дар кӯҳистон ба ҷо оварда натавонад ва ӯро зарур омад, ки молро назди молшарик гузошта, ба деҳа биёяд ва мӯкиро ба усто Раҷаб диҳад, то так бандад... Аммо Хушмурод ба хонааш нарасида роҳзанҳо дастгираш карданд ва бурданд ба хонае. Онҳо барои он чунон карданд, ки Хушмурод камақл аст, ба ҳама чиз сарфаҳм наравад; ҳарчӣ фармойӣ, он кунад. Чун ӯ аз мақсаду муроди эшон огоҳ набуд ва баҳона овард, ки «мӯкиҳом дарида» гӯш ба ҳарфаш надода, бурданд ва ба меҳмонхонае нишонданд. Дастархон оростанд. Шиками чӯпонро сер карданд. Пасон масъала пеш оварданд: «Зани Бахтакро ҳалола бояд кард». Хушмурод хандид, ки чунин одат дошт; баъзан ба ҳарфи касон заҳрханда мекард ва мардумро гумон мерафт, ки камақл аст; ба ҳама гуна сухан сарфаҳм наравад; чунки аз хурдӣ аз паси мол шуда, аз ҳарфи олам бехабар мондааст. Аз ин рӯ ӯро пазируфтанд, ки даҳонаш баста, ба чунин амалҳо ақлаш нарасад ва гузаштаро нагӯяд. Анги гаранги зан нодидаро шояд ақл ба корҳои заношӯйӣ надавад. Хушмурод марди муҷаррад, орому сархам, то напурсӣ, ҳарфе нагӯяд; ба назар дунёро об барад ҳам коре надорад. Баъзан ба ҳарфи хуш ё латифаи бонамак дандоннамо хандад. Аз ин рӯ созу хубтар аз ин кас ба ҳалолакорӣ марде набояд бошад.
– Расму русум, одату таъомули мардумамонро медонӣ-а, Хушмурод?
Фармуд домулло шубонро аз чизе огоҳ карданӣ шуда. Аммо шубон ба ҷои посух дандоннамо хандид. Домулло пай бурд, ки шубони як умр аз думи мол гашта чизеро пайхас наравад. Аз ин рӯ ба масъала рӯшанӣ андохтан хост:

пешина
аз 344
навбатӣ