Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Худро ба гарангӣ назан. Донӣ, ки Бахтаки савдогар чанде пеш ба духтари Бикалони бева хонадор шуда буд. Бепадарро сина калон, навхонаҳо соз нагирифтанд ва Бахтак арӯсро ба кадоме рашк бурда, «талоқ» дод... Акнун пушаймон.
Фаҳмидӣ?
– Ҳӣ.
– «Ҳӣ!» не! Ин масъалаи ҳаёту мамот. Худро ба гарангӣ назан! Ишкамат сер?
– Ҳӣ.
– «Ҳӣ», ки бошад. «Ҳалола» бояд кард. – Мулло ду даст ба рӯйи дастархон гузошта ва майл сӯйи Хушмурод оварда, гӯшона кард: – Барои чунин амал худи Бахтак туро хостааст...
– Ҳӣ...
– «Ҳӣ!» Худи шӯш туро хостааст, фаҳмидӣ!?
Ин бор Хушмурод лаб баста дошт ва аз рӯйи одат «ҳӣ» нагуфта, балки андешаманд қарор истод ва ранги рӯяш канд.
– Натарс. Танҳо аз рӯйи гуфтаи домулло бояд амал бикунӣ.
Ман туро бо зани Бахтак никоҳ мекунам. Зани Бахтак зани ту мешавад. Медонӣ чӣ зани зебоест. Ба ҳар тори мӯяш як ҷавон овезон буд, лек Бахтак чӣ кор кард, ки гирифт... Соз наомаданд... Боз ҳусну ҷамолашро дида оламро фаромӯш накунӣ!
– Ҳӣ...
– Мон «ҳията!» Кори бозӣ нест!... Ба ҷогаҳаш медароӣ...
Уҳу! Худата гум намекунӣ... Кашу пархош намекунӣ. Оҳиста ресмони ба поят бастаро меҷунбонӣ. Нӯги ресмонро аз беруни дар мекашанд. Ту ҳамон лаҳза бояд парида хезӣ ва занро талоқ бигӯйӣ. Сабаби талоқ ҳамон ресмон, ки ошиқи зан аз беруни дар кашид. Фаҳмидӣ?!
– Ҳӣ.
– Бо «ҳӣ-ҳӣ»-ат, нашавад, ки ҳамаро шарманда гардонӣ?!
Хушмурод нафаҳмид маънии шармандаро. Дам ба дарун гирифт. Бори нахуст дуздида ба муллои маҳалла нигарист. Ва ҷигот гиронд: «Нафаҳмам ҳарфҳоятро, домулло!» Мулло чӣ рамуз гирифт аз нигоҳи шубон, ки сар ҷунбонд: «Ана ҳамин хел: дам ба дарун ҳама кор бояд анҷом гирад ва ту «талоқ»
гӯйиву ором аз дар баромада равӣ!
– Ҷунуб?
– Чихел ҷунуб? Ту набояд ба духтар бирасӣ! Ба ҷогаҳаш медаройӣ.

пешина
аз 344
навбатӣ