Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Каманд худ аз худ таранг мегардад. Аз беруни дар мефаҳманд, ки ту амал кардӣ. Ресмонро мекашанд ва ту бояд парида хезӣ ва «талоқ!» гуфта шапараквор баромада гурезӣ.
Вагарна...
– Маро чӯпон гумон мекунед-а, мулло?
– Чӯпон набуда, кӣ будӣ?
– Ман – Хушмурод.
– Медонам Хушмурод, медонам! Хушмурод валади Гулмурод. Аз гузари Лаби Сой. Ҳафт пуштат чӯпон. Худатро гаранг вонамуда, гардӣ. Ҳама пиндоранд, ақлбохта ҳастӣ. Кори шударо надонӣ. Аз гузашта ёд накунӣ. Ояндаро наандешӣ... Вагарна туро ба ҳалола талаб накарда буданд. Ягон муҷарради боҳушро орад, зани касро зани худ дониста, талоқ надиҳад, кор чӣ шавад? Аҳмақ худи шӯй, ки нархи сабзиву пиёзро напурсида, «талоқ» гуфтааст... Вагарна чунин зан дар олами рӯшан нест...
Дили Хушмурод оташ баровард. Ба чизе гарм шуд. Гармӣ ба рӯяш зад. Ин бор чу гарангон «ҳӣ» нагуфт, балки чу чӯпони боҳушу аҳли фаҳм сар ҷунбонд. Ва сухани муллоро дар дил такрор кард: «Аҳмақ худи шӯй...» пасон ба андеша рафт: «Чӣ мард, ки гуноҳи зан надидаву нашунида, талоқ гӯяд? Сонӣ бо дасти адаб ба оғӯши марди бегона андохта, ҳилаи шаръӣ кунад, ки зани ҳаром ҳалол шуд...»
– Чӣ фармудӣ?
Бад расид пурси мулло Хушмуродро ва як қад парид, ки баланд гуфтаст. «Ҳиччӣ!»
– Мункир нашав... Гуфтӣ, шунидам: «Ҳалолу ҳаром» гуфтӣ.
– Агар гуфтам, одамонро гуфтам, ки «саги қӯшков» гуфта сагро зада кушанд, чун ба молашон гург дарояд, пушаймон гарданд.
– Ҳумм...
– Мулло, агар кас дар зиндагӣ ду гуноҳ содир намояд, як савоб ба шумор равад?
– Чун? Як гуноҳ – як гуноҳ, ду гуноҳ – ду гуноҳ.
– Пас, чаро ду ҳаромро як ҳалол ҳисобанд?
– Чун?
– Як бор зан хиёнат кард – як ҳаром. Боз бо розигии шӯ бо марди дигар заношӯ шуд, ду ҳаром...

пешина
аз 344
навбатӣ