МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Аҳмақ! Барои бефаҳмиат туро ба «ҳалола» кардан розӣ шуданд. Якумаш ҳарома, дуюмаш ҳалола. Чунки якумаш бе никоҳ, дуюмаш бо никоҳ! Фаҳмидӣ?!
– Ҳӣ. Якумашро шумо никоҳ накарда будед?
– Ман якуми ҳалолашро никоҳ карда будам. Рост ё дурӯғ, намедонам сабабгори ҳаромаи якум чист?
– Ҳӣ.
– Бо «ҳӣ-ҳӣ»-ат ҳама корро расво накунӣ?!
Хушмурод хомӯш монд. Ранги рӯяш дигаргуна шуд. Пиндошт, ки андешаҳои ботиниву пинҳониашро мулло пай бурд.
Андешае, ба дилаш як ҷаҳон фараҳ ҷо карда буд: «Зандор мешавам... бачадор мешавам. Зиндагиам мисли зиндагии дигарон бо шодиву хурсандӣ мегузарад. Фарзандонамро хонадор мекунам; мисли дигарон; бо «ёр-ёр!». Онҳо намегузоранд, ки якумр аз паси рама кашолу молон гардам. «Мо ҳам бояд хонем, одам шавем» гуфта, маро назди худашон нигаҳ медоранд ва ман молро ба ҳамроҳам супорида ба деҳа бармегардам... Балки супоридам...»
– Фикрҳои ноҷоро аз сарат дур кун.
Ҳарфи нобаҳангом риштаи хаёли ӯро бурид. Ва Хушмурод, гӯйӣ касе тарсонда, аз хоб бедор карда бошад, тани хеш афшонду чанд бор мижа зад, ки ҳарфҳои аз зеҳн гузарондаи ӯро чун донист мулло.
– Ман ягон чиз гуфтам, мулло?
– Нагуфтӣ, лек гуфтан хоҳӣ.
– Ҳеҷ гоҳ...
Хушмурод андеша дошт ё медонист, ки мулло никоҳ бикунад, ӯ шӯйи Насиба шавад, лек намедонист, ки чун ба ҷогаҳи ӯ бояд дарояд? Чунки мӯкиҳо дарида, хеле регу хок даромада ва гоҳи аз пой бадар кардан онҳо бояд бирезанд, пайтоба аз арақи пову гарду хок бӯй бикунад ва арӯс хуш напазирад. Аммо Хушмурод надонад, ки пайтоба низ ба андозаи пошнаи даридаи мӯкӣ во рафта регҳо боз пас рехтаанд ва баъзе миёни панҷа рафта, они роҳпаймойӣ ғиҷинашро оранд. Ҳолиё ӯ андар канори мафраш вазн ба пойҳои мӯкипӯш андохта нишаста, то бӯйи пой набарояд.
– Ман бояд биравам, мулло...
– Ношукрӣ накун, ҳайвон! Ба даҳони мардум афтодӣ, калака кунанд, ки Хушмуроди чӯпон аз зан тарсида, гурехт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо