Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳайрон буданд, ки чаро арӯс зуд тани худро бахшид? Чун дигар арӯсон аз шарму ҳаё, дурудароз худдорӣ накарда ё базӯр «ҳа» нагуфта, якбора фармуд: «бахшидам».
Мулло барои он ки аз чунин «бозӣ» раҳо ёбад, зуд ба хондани хутба дубора оғозид ва даст ба дуъо бардошт: «ҳампир шаванд!»
Янгаҳо ба ном ҷогаҳ оростанд. Ва бурун рафтанд. Арӯс рӯйи бистари ориятӣ нишаста буд. Домоди риштадарпо ҳайрон. Ҳама гуфтаву фармудаи мулло дар ёдаш ҳаст, аммо баҷо оварда натавонад. То каманди пойи домод наҷунбад, арӯс хест. Ғалақаи дар андохт ва омада назди шаҳ нишаст. Аз шаҳ бӯйи сӯхта, бӯйи гулу гиёҳ, бӯйи мол ва бӯйи Офтоб меомад.
Ҳарорати Хуршед низ.
«Маро раҳойӣ бубахш» худро ба Хушмурод ҷафс гирифта, баногӯшӣ кард. Хушмурод дарёфт, ки чӣ ноҷӯрие ҳаст дар зиндагии арӯс, низ паст пурсид: «Чӣ шуда?» ва дасти дурушти офтобзада ва сахту гаронвазнро ба рӯйи ӯ расонд. Арӯс магар чунин навозишро нигарон буд, ки каф пушти дасти ӯ гузошта пахш кард. Дили ҳарду гум зад. Хушмурод чашмдор набуд чунин навозишро... чӣ карданро низ намедонист, зеро ошно набуд бо арӯс ва фурсати сӯҳбат низ танг; чунки каманди пой чанд бор дакка хӯрд ва ӯ беихтиёр гиреҳи бандро кушода, оҳиста ба замин гузошт ва рӯ ба арӯс овард: «Чӣ мехоҳӣ?»
Арӯс латтаи суфи сафед аз зери остин бароварда ба мард намуд: «Хунӣ бикун». Хушмурод дарёфт муроди ӯро ва корди шубонӣ аз наём охта, нӯги ангушти сағир чок кард, то латта хунӣ гардонад.
Арӯс рад кард: «На чунин... Хуни духтарӣ бояд ба онҳо намуд...»
Касе аз беруни дар ресмонро кашид, ки он лағзида берун рафт ва он замон беруни дар мағал бишуд. Дарро кашиданд.
Кушода нашуд. Кӯфтанд. Арӯс тани хеш сахт ба шӯ ҷафс кард ва пичиррос зад. «Маро сар мадеҳ...» Дили қавии Хушмурод битапид ва ӯро сахт бағал гирифт: «Рост гӯйӣ?» Арӯс дар чунон ҳолат сар афшонд. Ресмон ҳайдав аз роғи зери дар баромад. Ба ҷояш нӯги мисрон даруни дар омад ва дар бардошта шуд. Чандин бор амал такрор гашт ва дар шикаст. Онҳо чу селоба ба хона ҳуҷум оварданд. Хушмуроду арӯсро чун ҳайкали часпида дида, муддате ҳайрон монданд.

пешина
аз 344
навбатӣ