МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Зеро арӯс як муштипар ва бекасукӯй ба шӯ часпида, орзӯйи ба дили ӯ ҷой гирифтан дошт.
– Сар бидеҳ! – наъра кашид падаршӯ.
Арӯс, то Хушмурод розӣ нагардад ҷафстар ба ӯ шуд ва дудаста камари сахташро оғӯш кард.
– Ман зани сар медодагӣ надорам!
Баробари аз даҳони Хушмурод баромадани чунин ҳарф арӯс латтаи хунолудро нӯги панҷа ба онҳо намуд ва раҳо кард, то ба замин афтад. Ангушт ба шӯйи аввал рост кард: «Он ҳезалак ба ҷойи он ки номардиву сустии хешро ба гардан гирад, тӯҳмат ба ман зад, ки нодухтар баромадам!»
Ҳамаро дасту по суст шуд. Шӯйи аввал бори гарон бардошта натавонист ва чун муши дар роғе андармонгашта сар аз миёни хешон пас кашид ва берун рафт.
Дигарон ҳаваси боздоштани арӯсро доштанд. Аммо арӯси ба назари эшон шубонро бегона сахт ба ӯ часпида, ки ҷудойӣ мабод.
Бӯйи сӯхтаву дуд омад. Садойи чарсучурси бомпӯш баромад, ки мисли садои камон ва таппонча буд. Пасон аз паси дуд оташ забона зада коҳдонро дар як лаҳза фаро гирифт.
Мардуми деҳа даррасида бо сатилҳо обу хок пошида оташро фурӯ нишонданд ва баъди чанд муддат мурдаи сӯхтаи шӯйи аввали Насибаро аз коҳдон бурун оварданд.
18.06.11.
МОДАР
Ду бор гурбачаҳоро мушон хӯрданд. Айёме ки шаҳрро муш пахш карда буд. Салом аз мулки дигар як гурбаи аблақ харида овард ва гурба даҳ сол дубара мезойид. Баччаҳои аввалро мушон хӯрданд ва Ало шаборӯз мегирист аз фироқ ва даъват ҳам мекард, ки ҳар ҷо аз тарс пинҳон шуда бошанд, бароянд. Вале саре аз онҳо пайдо нашуд. Ва боз гушн оварду зойид.
Баччаҳояш касон мебурданд ба мушгирӣ... Ин бор панҷгона зойид, харидоре набаромад; чунки мушонро қир карда буданд.
Панҷгона чунон бедодгар омаданд, ки соҳибро ба ҷон расониданд: на кошта монду на кишта. Бозигар буданд, ки аз модар дур нарафта, ҳар гоҳ хоҳанд зери бағал даромада, мемаканд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо