МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Модар ҳама ҷойи онҳоро лесида нозгунҷ кард. Соҳибхона надонад чӣ кор карданро. Онҳо чунон ҳушёру маккор, ки ба даст оварда нашавад. Пайванди ниҳолакҳоро шикастанд дорбозҳо; чизи надуздидаашон намонд. Аз ҳама баду ғазабангезаш луч кардани трубаи оби гарм. Салом бо чӣ машаққат шишапахта пайдо карда, як дорбозро фармуда то ошёнаи сеюм трубаро ҷилдпӯш кард, ки мисли зимистонҳои гузашта аз ҷафои сармо азоб накашанд. Лекин инҳо ҳамаро барбод доданд: оҳистаоҳиста аз буттаву дарахт болотар рафтан хостанд ё дуздиро дар ошёни баланд машқ қардан хостанд. Чунки Ало ононро дар ошёни баданд зойида буд: Аз тирезаи боз роҳ ҷуста, баъзан тирезаро баста дида, хонаро бӯ гиронд ва ба ғазаби кадбону гирифтор гашта, бо баччаҳо аз ошёни баланд ронда шуданд. Аммо Ало аз даҳшати аккоси саг ва бими гурбаҳои нар, то тифлонро нахуранд, онҳоро аз паси гардан газида, бо ранҷу азоб бо дору труба аз тирезаи нимроғ ба зодгоҳ медаровард, то замоне ки бозигар шуданд ва гӯштхӯр. Рӯйи ҳавлиро пари гунҷишку мусичаву саъба ва сору кабутар гирифт. Нӯги боли паррандаҳо барои бозӣ мемонд, ки чанд пари ба ҳам часпида буд. Сонӣ баччаи муш меовард Ало барои хӯрдану бозидану шикор омӯхтан. Мушҳо худро мурда ороста, аз дасти гурбачаҳо раҳо мешуданду пинҳон. Гурбачаҳо фиғон мезаданд ва модари мушоҳидакор зуд омада, муши нимҷону гурезонро аз миёни бутта ё роғе пайдо карда, ба майдони «футбол» меовард... Кор то ҷое расид, ки на соҳибро писанд мекарданд ва на гурбаҳои нарро. Бачаҳои шум тофтанд, ба дили кадбону заданд; зеро овойи чизеро рӯкушод ё ноҷо мондан набуд; ба тороҷ мебурданд роҳзанҳо ё ҳаром мекарданд. Бахусус, шири чашми рӯз накафида овардаи занаки ҳисориро. Кадбону ширро мегирифту то пулашро дода аз дами дарвоза баргаштан гурбачаҳои дузди омӯхта забон мезаданд ғуррида ба якдигар.
Баъд фиғони кадбонуи кампарво баромада, дуъову сано карда онҳоро бо тирак ё ҷорӯб меронд. Ҷонваракон бозӣ мепиндоштанд амали кадбонуро. То даме бозӣ пиндоштанд, ки кадхудо гурбачаи рӯйи помонаки нардбон пинакрафтаро ногаҳонӣ дошт. Ало ин ҳолро дида ҳушёр шуд ва пиндошт, мисли пешин баройи навозиш дошт мард. Чун ба тубра андохтани баччаашро дид, дилаш раг зад ва ҳушёр истод. Ин замон Ҳумо – набера пеши гурбаҳо парсинг андохт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо