МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Модар шикам ба замин андохта, пораи дандоннагузари онро худ хойид ва баччаҳо ба пораҳои дигар часпида, низ чу модар шикам ба замин андохтанд. Мард, ки безор аз онҳо шуда буд, чанг зада якеи онҳоро аз паҳлӯйи модар гирифт. Чун ноҷо аз шикамаш дошта буд, гурбача вағғид ва дасти соҳибро дандон зад. Ӯ писанд накарда ҷониби тубра омад ва даҳони бастаи онро кушода, ҷонварро андохтанӣ буд, ки сӯзанҳои тез ба моҳичаи пояш халиданд.
Пас гашта нигарист, ки модар дандон гиз дорад ба мард. Салом дарди поро парво накарда, пойи сиҳат ба замин кӯфта «ҳааад!»
гуфт. Ало сахттар дандон сойида, ёл дамид ва ҳуҷум оварданӣ шуд, ки одам тубраи набаста даҳон андар дасти чап бо дасти рост ҷорӯб аз замин бардошт ва таҳдид кард. Ало нагурехт, балки омода ба набард буд. Гурбачаи пурғазабро ба тубра андохтанӣ буд, ки ӯ садои махсус баровард ва он сӯзанҳои тез боз ба моҳичаи пойи одам халиданд. Рӯ ба модаргурба овард, ки дандон гиз карда буд. Ин замон садое дардод, ки ҳама баччаҳо миёни буттаҳо пинҳон гаштанд. Салом даҳони тубра бубаст ва бар кати чӯбӣ гузошт, то ҳама гурбачаҳо боздорад ва дур бурда, раҳояшон бикунад. Зеро сахт ба танг оварда буданд шерзодаҳо. Ба бадранги порсола, ки дошта нашуд ва трубаи обро роҳ дониста зери бом барофуро дошт ва ҳама пату фалгаро лағжондаву дарронда буд ва андар сармойи сахт, аз бебарқӣ об ях баста қубурро кафонд ва аз яхбандӣ дилгазон шуда буданд, кина гирифт.
Чунон ки шер баъди ғазаб ё фароғат сари баландийи пиллаҷо баромада шер буданашро намойиш диҳад, Ало ба нардбон баромад ва бар тахти он қарор гирифт. Нахуст қомат баланд гирифта, думак зад морона. Чашмон нимпӯш карда ба одам нигарист ва чукка зад. Кӯдакосо рост нишаст. Хеле дида ба ӯ дӯхт. Чӣ хаёлҳо дошт, худ донад. «Пишӣ-пишӣ, мор чи тӯрин мекунад?» суруде навозанда буд, ки модарон аз номи кӯдак гуфта тахтапушти гурбаро моланд, ӯ чу мор думак бизанад. Аммо Ало думак назад, балки чашмон ниммурда гирифт; Саломро одам наҳисобид. Сонӣ дастон бар тахта гузошта, шикам низ пахш кард. Дар пушт нӯги сиёҳи думаш ҷунбид. Одам биангошт, ки гурба чу саг ошнойӣ дод, пеш рафт ва ӯро навозиш кард, ки ошнойи деринаанд. Ало ҷунбид, ки майли ҳамла дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо