Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Фаххид. Бузург гашт. Тахтаи нардбон пур шуд, балки шорид пашму тибити танаш ва ҳамон зайл бар сари одам омад ва он сӯзанҳои тез, ки ба моҳичаи пояш халида хуншор карда буданд, ба сару рӯяш халиданд ва алмоси тез сарпӯши чашм чок карда гузашт ва Салом даст ба рӯй кашида ба замин нишаст ва пиндошт, ки кӯр шуд. Ӯ то чашм кушод, ки гурба тозон ба кат баромад ва тубраи бастадаҳонро, ки баччаҳо зории раҳойӣ доштанд, газид ва ба ҳамсоядевор парида, ба мулки дигар рафт.
23.06.11.

ХИРСИ ПИР
Хирси пир аз сардии оби рудак, аз бими рабудани об ё аз нотавонӣ, ё аз хавфи ҷон тарсид, ки даст ба об андохту ҷуръати тар кардани пойро надошт. Вагарна замонҳое буд. ки чорхез оби равонро бурида, ба ғадапули як сараш ба оби руд нагун расида, чангол ба танаи чӯби дербоз тару лағзон чангак карда ва андар ду шохаи сарзер маъво гирифта, пойҳо кашол, шикам бар чӯб савор, дида ба қаъри оби равон медӯхт. Оби соф чунон буд, ки хас равад, бубинад. Сангҳои зери об рӯшантар ва лайсу ҳамвор метофтанд аз судани оби равон. Бобтарин нишеман хирсро. Ӯ ҳама ҷоро бинад; замину осмон, ҳатто қаъри обро.
Аммо шиновар пай набарад, ки тори сар марг хона монда. Ӯ дер нигарад ба об аз фарти гушнагӣ, ки дертар аз он чунин лаҳзаву айёмро нигарон буд. Дар хоби чилла хоб медид савории чӯбро ва чашм мекушод, ки ҳаво хунук ва ҷуръати обдаройӣ нест. Баъди хоби гарон ва гушнагии чилрӯза ба ҷое расид, ки кашф карда буд. Ёд дорад девбоди онсоларо, замину замон ларзонида, дарахтонро аз бех ба ҳаво бардошта, ба руд мезаду ба соҳил ва садойи шикастани шоху тана меомад ва ҷонваронро сахт хӯсонду тарсонд ва аз беша ронд. Аммо хирсаки кӯдак ба дунболи оча фирор дошт, воруна ба руд задани санавбари азимро дид, ки чун садди роҳи об шуд. Аз он баъд боду борон бишикасту хӯрд шоху баргро; моҳидорон шикастанду сӯхтанд. Чӯб монд: танаву шохи дар қаър шикаста ва як шохи паҳлӯйи ғафсу сахт, ки даст зӯри шикастанашро надошт.
Хирсакро ҷойи бозӣ шуд: рудобро убур карда, то ғада расид, дастмол кард болотар аз об танаи тару шилмаку лағзонро.

пешина
аз 344
навбатӣ