МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Пайи панҷа монд рах-рах. Истода ба по чу марди дарахтбаро танаи ғафси чӯбро оғӯш карда, вазн боло кашид, пойҳо низ ва чангол чангак андохта, боло шуд ва озод то душоха омада савор гашт, пойҳо овехт. Пойи чап ба шохи зер андармон гузошт.
Ба оби соф нигарист. Нахуст хуршеди сурхро дид, ки нима тофт аз буни карона; ними дигар андар ҷар буд ва оҳистаоҳиста пурра шуд ва чашми хирсро рабуд. Ӯ хештанро надид дар об; зеро пушти ғаддапул монда буд, танҳо пойҳои кашол метофт ва дасти рост. Чунки ӯ ҳамвор ба чӯб часпида, аз сайёде ё душман пиҳон медошт хешро. Чашму ҳуш ба рафти об дӯхта буд, ки ана-ана сайд пайдо гардад. Хирсак худро гоҳе дид, ки пойи чап тори ғада гирифта якбора вазн бар об андохт; аз зер ҳам хирсе ба об зад худро ва ду хирс ба моҳие ҳуҷум овард; яке аз тору яке аз зер. Ва аз пошхӯрдани об хирси зер ноаён гашту пойи хирсак ба чизе бархӯрд. Дошт. Гаронвазн тофт ё чангногиро афтод, ки ӯро кашид ба об. Фурӯтар бурд.
Пиндошт хирси зер ӯро вазза бубарад. Пасон қад ба қаду чанг ба чанг шаванду даҳон ба даҳон барои луқма, ки сахт дилбазан гашта. Нахоҳад, ки дигар даҳондарида ва лангон гардад. Чун шалфаю пошхӯрии об ҳамвор шуд, Хирсак моҳии гаронвазнеро дид, ки андармон дар чанг омада, тан ба асирӣ надода, раҳойӣ аз чанг хоста, танаю дум занад. Сайёд натавонад боздоштан. Моҳӣ низ дар зоту гунаи хеш сайёд; аз худ хурдонро бихурад. Аммо ҳоло раҳидан хоҳад аз дом, ки ба ашки хирс андармон нагаштаст. Хирс низ ҳайрон, ки чун шуд? Хирси дигар куҷо рафт? Чаро ӯро тарсонд? Ҳарчанд пойҳо ба санги қаър расонида, тира карда, вазн андохта, боздоштанист насибаро, сангҳои ушнабаставу лағзон имкон надиҳанд; баракс имкони пеш рафтан диҳанд. Нағмаву ҷонканӣ ва ба чашми хирс об задани моҳӣ нагузорад, ки дандони хирс фурӯ ба ҷисмаш ояд. Лек Хирс сахт хоҳад, ки чун ҳамеша моҳӣ ба даҳон гирад; ба соҳил бароварда, зери пой пахш бикунад ё байни панҷаҳо дошта, дандон ба бехи дум зада, канад ва гӯшти сафеди хунолудро газ-газ фурӯ барад. Моҳӣ ҷонбозӣ дошта бошад ҳам боке нест. Кас бояд биситонад аз ҳастӣ насибаро! Чунин зинда бихуранд ҳайвонҳо якдигарро. Аммо расми одамӣ дигар гуна:
кушта, пора карда, намак пошида, дар обу андар оташ пухта, пасон бихурад ҳайвонро... Моҳии даруни об пиндорад ё сарфаҳм равад, ки чанги хирс суст шуда, майли раҳо кардан дорад, зеро моҳӣ ӯро дур бурд аз хати масдуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо