Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хирсони мулки дигар дучор оянд, чорлахташ бикунанд, ки хиёнат кард, ҳадд шикаст... Аммо чунин хаёл дар гӯшаи гумони Хирс нест; зеро нафс хун андуда пеши чашмаш, набояд сайди бадастомадаро бираҳад. Дандон зада ба даҳон оварданист Хирс моҳиро, аммо амонат ба чанг омада, пой пахш бикунад, гусаста гардад; дошта шавад ё на? Раҳо гашт моҳии гаронвазн ва чанги хун рӯйи об баромад. Пеши чашми Хирсро гирифт. Моҳӣ гарчӣ захм бардошт, чунон рафт, ки парранда дар ҳаво. Хирс андарун наъраи пурхашм дошт, дар гулӯ печид, дамондаш. Бурун аз об омад. Сахт наъра кашид: Чунон наъраро танҳо ӯ тавонист аз ғор ё аз харной бурун оварад; зеро бо сухан ифода карда нашавад чунин садоро, ки ба шер задани гуруснаро монад. Пасон истода ба по одамона қомат афрохт. Мулки бегонаро аз назар гузаронида, дӯсту душман диданӣ буд, касеро надид. Хеле дуру паст андаруни рудбор сиёҳ-сиёҳ зоғона метофтанд ҷонваракон. Донист, ки хирсони хиттаи дигар сайди аздастдодаашро нигаронанд, дошта чорлахт бикунанд ва аз баройи гӯшти ӯ ҷанги шаҳрвандӣ ба миён ояд. Зеро ҳайвонҳо низ донанд, ки ҳамагуна ҷанг ё баройи нафс оташ гирад ё баҳри дорунадор ё ҳадду ҳудуд, ки низ зодаи нафс бошад... Дил кард, ки он сӯ равад; аз нимароҳ дорад моҳиро ва... Ва тарсид. Зеро мадор рафта, бар асари гушнагӣ ҳанги пой намонда. Ғуррид.
Пас гашт. Сархам, шонаҳои хеш лаппонда, сар ҷунбонда чанде гашт, боз одамона тан афрохта, сӯйи дарахти вожгун нигарист, ки дар дуриҳост. Хешро рӯйи сабзаи наврустаи соҳил андохт ва ғел зад... Каргасҳои фазо нагузоштанд ором бигирад. Ғашаш омад, нафрин хонд, ки мурда пиндоштандаш. Ғашовартар он буд, ки хирси ҷавон шалап-шалап обро пош дода тагу боло медавид, то моҳиеро рамонад ва ҳамлаваронро боздорад ва пеши назари хирси пир сӯздода, канда-канда хурад. Аламовартар он буд, ки хирси ҷавон ӯро надид ё надида ангошт; салом надод, балки ба рағми бемадории ӯ намойиш барпо кард, ки чӣ ҳунарманд аст. Хирси пир парво надорад ба кирдору рафтори ӯ; чунки худаш ҳам дар ҷавонӣ чунон буд: касеро писанд накарда, чӣ хоҳад, он мекард; чӣ сон хоҳад, чунон мекард. Наъра кашидан як пуф буд. Ҳолиё зӯр занад ҳам садо набарояд, балки садо андар гулӯ печад.

пешина
аз 344
навбатӣ