Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин ҳама аз он дарёфт, ки сайд аз даст дод, ки нашуда буд чунин кор. Балки дар шикори нахуст; замони кӯдакиву нотавонӣ, моҳии ба чанг оварда, лағзид ва ба об рафт, бозӣ-бозӣ аз пас рафт, хирси танумандро дучор омада, аз тарс шах шуд. Агар модар намеомад, шояд хирс луқмаи хомаш мекард. Он замон орзу кард, ки мисли ӯ тануманд шавад. Шуд.
Ҳолиё ба асли хеш баргашта, кӯдаки нодон шудааст; зӯру тавон на ба пеш, балки пас барад. Ӯро тарсӯ, нотавон ва беғайрат сохтаст. Аз он дарёфт, ки сайди гирифторро аз даст дод. Замони ҷавониаш буд, дар рафти об ҳам медошт ва аз об набаромада канда-канда мехӯрд; одаташ чунон ки аз рӯйи душманӣ ва кинаву хусумат дошта бошад ва зӯру тавонро нишон дода, зинда хурад, ки зӯрӣ, қасосгирӣ чунин шавад. Ҳолиё бабри чолоки аз пойафтодаро монад, ки аз ду чашм ашки сиёҳ рехта, аз ду канори даҳону бинӣ шорад. Тӯшаи бабри сайдгирро каргасу зоғу заған хурад, аммо тарси хирс аз кафтору шағол; аз ин рӯ андар ҷазирачаҳо маъво гирифта, ки он лошахорони баднамо аз об нагузаранд. Сар боло карда натавонист, то бинад, ки каргасрез шуда фазо. Сар аз он андохта, ки боло париданҳо зер рафтан ҳам доштаст. Сайд аз даст равад. Парво надошт. Дигареро ба чанг меовард. Ҳолиё гирифтори ғам, ки ба зӯр рӯйи ғада баромада худро болои моҳӣ андохта буд, дигар баромада натавонад рӯйи чӯб. Дар хоб ё зери сарпӯши чашм намояд, ки моҳиёни зиёд ба об оянд, мавсими тухмгузорӣ расида, чунон зичу анбӯҳ шино кунанд, ки абр дар фазо, пеши офтобу Осмонро гирифта. Ӯ даст андозад, панҷаву даҳон занад, ҳаво ояд ба дасту даҳон ва хашмӣ дунболагир бикунад, моҳиён тирвор гурезанд ва ӯ дар ҷойи холӣ монад, ки пеш аз таҳдидаш моломоли моҳӣ буд. Фӯк рӯйи дастони ёзида сагона хобад; ба андешаи хеш доми тазвир дорад, моҳиён бояд худ оянд ба даҳон чунон ки ба даҳони кушодаи наҳангон моҳичаҳо бозӣ-бозӣ дароянд. Чун чизе набуд, аз беҳолӣ ғел гашт ва пиндошт, ки сер шуд ва лоланги хеш чун одат зери сар болишт карда, рӯйболо хобад, то лошахорон рабудан натавонанд. Лаб лесид; лаблесии шукрона набуд, бал пири фартутро монад, ки касе хуронад ва бо даст лаби ошолудашро пок кунад. На, ғели шукрона набуд, ӯ афтид. На аз серӣ ё ба роҳат, балки ба вазн доштан ҳанг надошт, ғелид рӯйболо. Як назар офтоб сурх тофт хунин, пасон хун баста, тираранг гашт ва сиёҳ шуд.

пешина
аз 344
навбатӣ