Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дигар чизеро ёд надорад. Аммо зарбае ба чашм расид, даруни чашм каргасрез шуд.
Сояҳо пеши чашм мегузаштанд. «Ҳаромхорон пайдо шудаанд.
Аён ки мурдаам». Узве аз узвҳоро ҷунбонд; даст буд ё пой, дил буд ё гурда, надонист; ба ҳар ҳол рагчае ё мағз ҷунбид ва ӯ донист, ки зинда, талвосаи хестан кард; хост бихезад, одамона қомат афрозад, ба атроф нигарад, ки дигарон чӣ ҳол доранд:
олам дигар шудааст ё ҳамон дунёйи куҳан; дӯст куҷову душман куҷо? Қад кашид чу сабза ва касеро надид. Ҳама ҷо мурда; об ҳам мурдоб гашта. Моҳиён низ мурда, рӯйболо сарсинаи широсо сапедро намойиш дода, рӯйи об омадаанд, касе нест, ки хурад. Ба назар ҳама мурда, гетӣ ҳам мурда, танҳо ӯ нимҷон, аз ҳама баъд ӯ бояд бимирад. Чӣ ҷонварони бегуноҳро дошту дарриду хӯрд? Ӯро кӣ хурад? Лошахӯрони ҳаром дар фазо ҷувозак гарданд, нигарони чашм пӯшидани ӯянд. Валек чашмони ӯ воз; каргасҳо охирин бор акс ёфтанд андар дидааш.
8.09.11.

АНГОН
Он солҳо бозори кӯҳнафурӯшӣ дар авҷ буд; замона чунин тақозо дошт, ки аз доктори илм то донишҷӯ ё зани хона бозорнишин гардад. Ду канори хиёбони рӯёрӯйи қасри Ҳукумат бозорҷо шуд; аз сӯзан то либоси тан ба фурӯш бароварданд ба ҷуз нони даҳан. Дуздбаччаҳо аз ин канори бозор мезаданду ба он канор бурда мефурӯхтанд. Ғорату куш ҳам хонасӯз буд.
Бӯстонсароҳои шаҳрнишинон низ андар канори рудборҳо ва беҳтарин ҷойҳои хушҳавои кӯҳистон валангор гашта буданд.
Устоди донишгоҳ низ «аз пойи пода намонам» андар Ангон кӯшке бино карда буд ҳавасангез. Имтиҳони қабулро пешакӣ дар он ҷо муайян мекард. Ҳафт сол ба он ҷо рафтуомад карда натавонист аз ҷафои Ҷанг; зеро роҳҳо зери назорати қумондонҳо буд. Дастаҳои ғоратгару дуздон ҳадду ҳудуд доштанд. Касе бегузарнома ба он гоҳ рафта наметавонист ё тарсида аз бими марг намерафт. Кӯшки доктор дуздхона шуда буд.
Аз ин рӯ касе дилу гурдаи ба он макон рафта ё хаси он рабуданро надошт. Аммо валангор гашта буд; зеро зимистон сахт омад ва навхонаҳо дару тиреза ва вассаву чорчӯбаҳои барқади шишабандиро сӯхта, шишаҳоро шогирдон қатори чизу чораҳо ба бозор бароварда буданд.

пешина
аз 344
навбатӣ