Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Доктор, ки низ барои ризқу рӯзӣ китобҳои фарооварда ба бозор бароварда буд, баъзан гардиш мекард раста ба растаи кӯҳна ба рӯйи хоку лой густарда, то нишоне аз кӯшк дарёбад, пайдо накард. Бозори кӯҳнафурӯшӣ чизе аз нишонаҳои тоҷикӣ надошт. Бештар яҳудиёни борбаста маводи хона бароварда буданд. Дунёбохабарон зарфҳои мисиву симии онон савдо мекарданд. Касе ба дӯкони китоби Доктор нигоҳ намекард. Чунки дар он солҳо мардумро ғами зинда мондан буд; дӯстон якдигарро дар раҳу рӯ дучор оянд, пурси нахуст чунин буд: «Зиндайӣ?» Чун Доктор зинда буд, боре дуздона ба баландии болои заводи семент баромад, то бубинад, ки кӯшк дар чӣ ҳол аст. Надид. Зеро ду пуштаи дигар буд, ки пеши чашмро мебаст. Нишасту нафас рост кард ва андешид, ки ба чӣ рӯз расидем? Сари пуштаи баланд ҷондоре мисли зоғи сиёҳ пайдо шуд, хам хӯрд, пас аз чанде муддат бар пуштаи наздик омад. Пасу паҳлӯро аз назар гузаронд. Бозомад. Мард ӯро дид, ӯ мардро надид, ки нишаста буд Доктор. Баччаи тақрибан даҳсолае буд, ки чанд чашми шишаи панҷара зери каш дошт ва бар нӯги остини рӯйи ангуштон қат гашта гирифта буд. Наздик омад. Марди нишаста ва ба адир паҳлӯзадаро дида, ларзид. Яке дасташ суст шуд, ки гурезад ё нагурезад. Чун Доктори доно вазъу ҳоли бачча дид, барои аз ҳолат баровардан «Салом писарҷон!» фармуд. Писарак, ки рӯ ба рӯйи офтоб дошт, чашм нимпӯш карда даҳон кушод, то хубтар бубинад мардро, лек посух ба салом нагардонд. «Сафар бахайр?!» Нашинохт бачча ӯро ва ба пурсаш сарфаҳм нарафт. «Магар роҳзан касе набояд бошад дар чунин бузраҳа». Аз он нашинохт, ки шояд замони дар бӯстонсаро буданаш, ин кӯдак кӯча набаромада ва мардро надида. Чун мард тан аз ёнбош бардошта, нишаст, тани ӯро ларза гирифт ва шишаҳо аз зери бағал андаке фурӯ рафт, ки остин набуд, афтида буд. Аз он ки дошта аз даст наравад, ба нӯги ангушту остин дошт.
– Аз куҷойӣ, бачча?
– Аз... аз вай...
– Мефурӯшӣ? – дида ба шишаҳо дӯхта пурсид мард.
Бачча ба маънии «бале» сар ҷунбонд.
– Чанд пул?
Бачча китфон дарҳам кашид.

пешина
аз 344
навбатӣ