Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Пул надорам... насия медиҳӣ?
Бачча боз чашм нимпӯш ва даҳон воз дошта ба мард нигарист: «Чи хел? Бо чунин бузургӣ?» Аммо пурсида натавониста, чизи дигар гуфт: «Модарам рӯйи ҷогаҳ. Ман маҷбур шудам, ки шишаҳои тирезаро канда ба бозор барам... «Ин бор мард чашм нимпӯш карда ва даҳон во дошта ба писар нигарист: «Рост гӯйӣ?» Боз сар ҷунбонд бачча. Зеро ҳарос аз тан бурун нашуда буд ва аз дурӯғ рӯяш дуд кард; шояд кирдор аз зарурат бошад ё пайравӣ ба дигарон, ки рӯзашон ба нобакорӣ монда: ҳар кӣ бо умед ва ҳаваси фароғат сохта буд, харобаш карданд. Бозори кӯҳнафурӯшӣ ташкил шуд; мошинҳоро қисм-қисм ва хонаҳоро бомпӯш ҷудо, болор ҷудо, хишт ҷудо мефурӯхтанд...
– Намедиҳӣ-а, насия?
– Неъ...
Таҳдид пиндошт, ки ранги рӯяш канд, дастон ларзида шишаҳо раҳо шуданд ва ба сангчол бархӯрда шикастанд. Аз тарсу бемадорӣ, ё ноумед гашт, ки пушт ба мард гардонда нишаст ҷангиёна. Пасон лӯкка зад китфон, ҳиқ-ҳиқ баровард...
гирист: «Очам бимирад...» магар садоҳо ба коми гушнагӣ рафтанд, ки олам оромӣ ёфт. Сояҳо гум шуданд. Фазоро абри сафед пӯшонд.
«Ма!»
Писар бо сари остин оби чашм ва оби биниро пок кард ва каҷ нигарист ба мард: «Чияй?»
– Пул.
– Пули мо инхелӣ нестай.
– Ин пули нав. Панҷсомонӣ. Ҳамин суратро шиносӣ?
Пул аз дасти мард рабуд. Ба диққат нигарист ва фармуд:
«Бобойи Айнӣ».
– Офарин! Баччаи дуруст метобӣ. Баччаи кӣ?
– Бачаи... бачаи... бачаи ҳишкӣ! – чашм аз пул наканда, бепарво посух дод ӯ.
Хомӯшӣ. Заводи семент дуду гарди сафеди семент намебаровард, лек писарак орому сокит нигарист ба поён ва боз гирист.
– Гиряат барои чӣ?
– Падарам дар ҳамон завод кор мекард...
– Кор мекард?

пешина
аз 344
навбатӣ