МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ҳ-ҳа.
– Ҳоло куҷост?
– Куштанд...
Боз хомӯшӣ. Завод на дуд барорад, на садо. Вагончаҳои ҳавойии сангкашон ҳам дар симтаноби дутораи дуроҳа чун касони доркашида сарозеранд ва сокиту ором; беҷон. Аз тор фитодаҳо раҳораҳ каҷпаҳлӯ ё сарзеру сарболо мехобиданд, дархӯрди касе набуд. Ҳолиё нишоне аз онҳо низ нест. Кашонданд шермардон ва ба фисмирӣ ба куҷое фурӯхтанд (шояд Сайидаҳмади афғон дар амбору саҳни кушоди паси ВДНХа ғун оварда бошад).
– Кӣ?
– Чӣ, кӣ?
– Кӣ кушт?
– Очам гуфт, ки дар ҷанги Душанбе...
– Чӣ ном дошт?
– Лекин очам гуфт, ки ӯ падари ту набуд...
– Падари ту набуд?
– Падари ту одами калон, гуфт... Ӯро ҳам куштанд магар, ки даҳ сол боз намеояд, гуфт.
Мард хомӯш монд. Хомӯштар аз писарак, хомӯштар аз завод, хомӯштар аз сукути кӯҳҳо. Аммо писар бо атсаи хеш шишаи хомӯширо шикаст: сахт атса дод ва тугмаи кушодаи пешсинаро гузаронд. Магар сардии ҳамелҳои дӯлона атса оварда буд. «Майед». Панҷсомониро сӯйи мард дароз кард. Мард ҳайрон монд: «Бахшидам...» «Не. Очам фаҳмад, хафа мешавад».
– Аз чӣ?
– Аз он ки ман пули шуморо муфт гирифтам.
– Муфт не, сабабгори шикастани шишаҳоят шудам.
– Ин хел бошад, – фармуд ӯ ва бапо шуд. Пасон аз гардан баровард як ҳамели дӯлонаи зард ва андохт ба гардани мард.
Шаддаи каҳрабои гардани модарро монад, ки барои радди гирифтории зардпарвин ё сил овехта гардад ба тасаллои дил. Табассум дамид дар лабон. Дар лабони мард низ табассум дамид.
– Чӣ қаҳрамонӣ кардам, ки...
– Чӣ қаҳрамонӣ? Аз қаҳрамонӣ болотар боз чизе ҳаст?
– Шояд бошад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо