МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Агар бошад. Шумо ҳамон.
– Балочае... Аз куҷо омӯхтӣ чунин муомиларо?
– Надонам аз куҷо... Лек модарам мудом як мардро ситойиш мекард. Дасташро тир карда бинои дуошёнаи паси токзори он сӯйи рудборро нишон медод ва мегуфт: «Он бӯстонсаройи як марди оқилу олим... Хоҳам, ки ту ба он монанд бошӣ...»
Гӯшҳои мард қуфл заданд. Ҳушу ёд ба куҷое рафт. Идомаи сӯҳбати писаракро нашунид. Лек медид, ки писар бо ҳавас, хандон дар бораи он мард кафку туф пош дода, мегуфт. Мегуфту мегуфт, ки чунин мардон кам рӯянд.
«Рӯ ба рӯйи хонаатон як хона ҳаст...»
«Дуздхонаро гӯед?»
«Чӣ хел дуздхона?»
«Бесоҳиб... Одамон аз дуздҳо тарсида ба он хона кордор нашуданд. Дигар ҳама бӯстонсароҳоро хароб карданд, сӯхтанд...»
Гӯшҳои мард кушода шуданд. Суханони писаракро хуб шунид. Ва ҳушаш ба бӯстони офаридааш рафт, ки ҷавонзани хонааш рӯбарӯйи он сӯйи руд ба офтобрӯяйи айвон баромада дер меистод нигарон ва чун мард аз кор сар бардошта, хамёза мекашид ва деҳи Ангонро аз назар мегузаронд ва гулобипӯши дуррабастаро медид, нигоҳаш ба он товуси хиромон дӯхта мешуд ва ӯ аз заҳри чашми бегонагон гурехта, ба хона медаромад ё ба ошхона ва дуди мӯрӣ боло шуда баландтар аз талу теппаҳои ангурзор мерафт ва аз миёни торҳои таранг кашидайи симтаноби сангкашони ҳавойӣ мегузашт... Пасон нигоҳҳойи хомӯш ва дилҳои гумзада чу вагончаҳои ба торҳои муҳаббат баста равуо карданд, ки мурғаки зебо аз он сӯйи руд ба ин сӯ парвоз кард ва бӯстони марди обрӯмандро зебу оро дод. Ҳоло писарак аз хусуси он мард бо забони модар сухан гӯяд: «Хоҳам ки мисли он мард бошӣ». Писар ҳам низ ҳавас кард, ки чу он мард бошад, аммо надида, дӯсташ дошт. «Падари ту ҳамон хел одам, аммо туро надидаст. Ту ҳам ӯро надидайӣ». Вале надонад, ки он ошиқ, марди дӯстдору дилсӯз куҷо шуд? Дер сол надид, пиндошт, ки ҳамонанди мардони ангуштнамо куштандаш. Хоса, пас аз он ки шавҳарашро куштанд аз рашки ҳусни зан. Шояд ошиқ низ бо чунин сабаб кушта шуда бошад. Зеро ӯ рафту барнагашт. Бӯстонсаро ҷангал шуд ва дуздон зери хори марминҷон паноҳ мебурданд; гарчӣ касе дилу гурдаи ба ин макон омадан надошт; зеро поёнтари дара андар бӯстонсарои ҳукуматийи Деҳи Поён Офатсуми роҳзану одамхор маскан гузида буд ва касе намеёрист аз он ҷо гузар кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо