МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Овоза шуда буд, ки дастаи Офатсум ба куштани мардони номдори пойтахт машғул аст. Аммо кам касон донанд, ки Гулнорро ҳам аз сари чашмаи поёни ҳавлӣ ӯ рабуда буд. Афсона бофтанд, ки ба як нигоҳ Офатсум волаву шайдойи ҳусни ҷавонзан гашт ва дергоҳ ӯро дар он манзил нигаҳ дошт; чун ранги рӯяш коҳиду заъфаронӣ гашт, раҳош кард. Аз он рӯз то ин рӯз шаддаи каҳрабойи аз Латвия ҳадя овардаи Ошиқ ҳамойил дар гарданаш. Баъдтар ӯ пиндошт, ки Ошиқ чунин маломатро дарёфта, ор кард; аз ин рӯ майли бадара омадан надорад... Аммо чун Доктор бозорнишин шуд, пояш накашид, ки ба он манзил равад; гумон, аз китфаш дошта пас мекашид:
«Марав!» Дар асл номус кард, ки наравад ба он ҷо, то ангуштнамо нагардад – ба ишораи ангушт нагӯянд: «Докторро бубин, рӯзаш ба чӣ мондаст?»
«Чӣ гуфтӣ?»
«Ҳиччӣ, таға...»
Мард, ки майли бо ӯ боло рафта, сари баландӣ баромада, Ангонро дидан дошт, баробари шунидани ҳарфи вайрони «таға» зуъмаш гирифт ва ба по хеста, доман афшон ва поёнрӯ нишеб шуд. «Шумо, ки намедонистед ин талафузро, «тағойӣ»
мегуфтед, аз куҷо омӯхтӣ?» андешид марди аз рафтору гуфтори нозебу фач ҷон ба лаб омада ва гирифтагулӯву ларзонпо сӯйи заводи хомӯш нишеб шуд. Писарак рӯйи рангпарида ва лабулунҷи овезон, паридани чашму абрӯ ва ваҷоҳати ноумедонаи ӯро набинад ҳам, мушоҳида дошт, ки чун печида ба худ хурд шуд, пойҳо каҷу ларзон ва монои пойҳои бузкашҳо нимдойира, гомзаниаш монанд ба маймуни одамшакл, ки даст ба замин нарасонида, лап-лап равад. Ӯ ба думба нишаст ё аз бемадорӣ ва ё фишори баланди андешаву қаҳру ғазаб ба танг омад, ки чукка зад.
«Амакӣ! Маҳ пулатро гир!» Ин бор ба шевайи Ангониҳо сухан гуфт, магар «амакӣ» нашунид, ки нигоҳ накард ё мадори гардан тоб додан надошт ва ё нигоҳ кардан ё шунидан нахост.
Писарак дер истод даст сӯйи мард ёзида нигоҳ дошт. Пасон чӣ ҳолат гирифт, ки пул аз даст раҳо хӯрд ва боди Ангон парронда бурд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо