Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Пулатро бод бурд, амакӣ, бигир!» Амакӣ шунид, лек нигоҳ накард. Ба сар омад: «Кори хуб нашуд. Шояд биангорад, ки барои ҳамон пул ман чунин рафтор кардам?»
– Чӣ гуфтӣ?!
– Пулатро гир, гуфтам!
– Не-не, чӣ гуфтӣ?
– Амакӣ, пулатро гир, гуфтам!
– Метонистайӣ-ку ба забони модарат гап задан!
– Чаро не?
– Пас чаро маро «таға» гуфтӣ?
– Ҳама ҳамин хел мегӯянд-ку?! Мӯйсафедон «Шаҳри якчашмон равӣ, якчашма шав» гӯянд. Хиёл кардам, ки шумо ҳам...
– Маҳмаддоно намойӣ... Маҳ, ҳадяатро бигир! Ё бурда ба гардани модарат андоз!
– Бо модари ман кордор нашав. Хубашро дорад!
– Каҳрабояшро?!
Писарак даҳон кушоду сухан гуфта натавонист. Теғи офтобро гунаҳгор дониста даст болои чашм лапар кард ва даҳон кушода нигарист, ки мардро бо дандонҳо медида бошад.
– Модар нагӯ, ки...
Алам тоза кард, ки санг бардошт аз замин ва андохт ҷониби мард. «Модар нагӯ! Оча нагӯ! Ба ӯ кордор нашав! Вай модари ман! Очайи ман! Худаш базӯр истодаст... Нагӯ!» Ҳар бори сухан гуфтан як санг меандохт ҷониби мард ва алам тоза мекард, ки аз куҷо пайдо шуд ин роҳзан, ки ӯро роҳу савдо боздошт, ноумедаш гардонд. Як алами писарак сад алам шуд ва дар наздаш дигар санг намонд, то сӯйи ӯ андозад. Риштаи ҳамели дӯлонаро бо дандон канд ва дона-дона бар ӯ андохт.
– Ман туро бачаи хуб пиндошта будам...
– Вақте ки очаву модарро ном гирифтанд, бачаи хуб ҳам хук гардад.
Мард чӣ андеша дошт, ки табассум кард. Ҳамели дӯлона дар даст ҷониби писарак по зад. Писарак аввал писанд накарда истод, сонӣ гумонаш, мард дошта гӯштоб бикунад ё зери лағат гирад, ба ҳамели монда, ба пули бодбурда, шишаҳои шикаста нигоҳ накарда, пас-пас рафт.

пешина
аз 344
навбатӣ