МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ист, гап дорам.
– Медонам чӣ гап дорӣ!
– Не, надонӣ. Ғалат фаҳмидӣ нияти маро. Ман гуфтанӣ, ки агар модарат зардпарма бошад, шаддаи каҳрабо ё дӯлонаи зард шифо бахшад. Ба модарат бигӯй, ки ҳамсояйи он сӯйи рудбор чунин маслиҳат дод. Ба наздикӣ кӯчида меомадаст ба бӯстонсаро, гӯй, аз ҳоли мо хабар мегирифтаст...
16.09.10.
БОЗӢ БА БОЗӢ
Модар ӯро дар сайисхона зойид, рӯйи нӯшхӯрди асп, ки дар
бурчак рехта буданд. Аз бепадарийи тифл чунин рафтор кард;
зеро дилаш нашуд, ки зери порӯ гӯр бикунад; чунки синаи
раҳм сих зад гоҳе ки ба хулосаи қатъӣ наомада буд. Тифл барои дигарон бепадар, аммо зан донад, ки тӯдаи нӯшхӯрд бистари нози ӯву Сайис буд. Аз чӣ рӯ Сайис ғайб зад, касе надонад. Арча ба ҳама миш-мишу гуфтори мардуми деҳ гӯш дод,
аммо надонист, ки куҷо шуда Сайис. Куштаанд ва ё тарки диёр
карда, рӯшан нест. Кушта бошанд, барои чӣ куштаанд? Рафта
бошад ҳам чаро? Наход барои дамидани шиками зан, ки безурёт ном бардошта аз даргоҳи шавҳар ронда шуда, дар хонаи
падару модар умр ба сар мебурд? Таънаву маломат ҳам дошт,
вале рӯз надошт. Рӯ панаҳ карданд дар коҳдони паси сайисхона. Писарро Сайисалӣ ном ниҳод ба таври хеш, то зодаи Сайиси ғайбзада буданаш аён гардад, аммо аз рӯшод гуфан шарм
дошт. Дар ин миён модиёни зарринёл низ зойид ва курра чорпо
мегашт. Модар, ки шири киройӣ надошт, писарро ба асп гиронд; чочҳои модиёнро шушт, чанд гоҳ эдир карду дӯшид, то
ба дасту панҷаи ӯ хӯ гирад ва гоҳи ба сина расидани даҳони
бегона лагад наандозад. Баччаи асп зуд бузург мешуд, баччаи
одам дер. Касе аз дилу ният, азоби рӯҳиву ботинийи ӯ огаҳ набуд, аммо чун офтобро бо домон пӯшида нашавад, ҳама аз ӯ
сухан мегуфтанд, ки аз худаш бештар медониста бошанд. Кирдори ӯро ба ҳама мардони бадкору бадахлоқ часпонданд, ки
бадкорӣ карда бошанд ва ё бо андак чиз фирефта бошанд: зеро
зан ниёз дошт ба чиз ва рӯзиву рӯзгор. Вале ғурури инсонӣ,
занӣ, модарӣ ва покийи инсонӣ иҷозат надод, ки дасти ниёз
барад пеши касе. Димоғи сӯхтаи падару модар, ки замони зани Ворух будан аз Худованд як пора гӯшт талаб доштанд, низ кушода нашуд ба мустаҷоб гаштани дуъояшон ба даргоҳи бахшандаи меҳрубон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо