МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Ман ҳалолашро талаб карда будам?!»
чун фарёди падари худотарс ва безор аз гапу калочаи мардум сахт расид духтарро ва пазируфт чунин манзили муносиб ба ҳайвонро: «Сазойи сарам...» Ҷамъбаст кард ба назари хеш, ки Худованд дер муносиб дид. Аммо чаро Сайиси занкалон сирру савдояш ба касе рӯшод нашуда, ғайб зад? Надонад. Оварданд мардум, ки шӯйи аввалаи Арча сайисро чунон нобуд сохта, ки саг аз бӯяш наёбад. Дертар овоза шуд, ки Маҳмуди Кошонагӣ Сайисро дар Уфа дучор омадаст, ки бозор мерӯфтаст; дигаре тасдиқ накард ин овозаро, ба вижа ҳамдиёрони худаш. Ин ҳама тахмину овозаҳо Арчаро водор кард, ки кӯч бандад аз ватан.
Лек надонад куҷо равад? Як зани карру кӯру шаллу гунг; ҳеҷ ҷой ва ҳеҷ касро надонад. «Кори шӯям». Номус карда, ки безурётиаш фош шуд. Чунки ӯ занро безурёт дониста, сар дод; бевазани зо гирифт. Фарзанд нашуд. Боз майли зани нахуст карда, талабгор гашт, вале зан фарзанд оварда буд. Аз ин рӯ нобудии Сайисро кори шавҳар донистанд... Чун касе ӯро бо Сайис надида, Арча ба кормандони ферма гуфта, ки баччаро дар қадаш оварда аз хонаи шӯ. Ин ҳарф хоҳар ба бародар овард, ки зоро бовар кунад, ӯ моҳу рӯз шумарид; бовар накард.
Хоҳар гуфт: «Тифл дар камари Арча часпида будаст, баъд ковок шудаст». Боз бовар накард... Чун бенишон рафтани Сайисро ба пойи ӯ бастанд, дудила шуд. «Зан баргардад, зоро даҳони мардум баста шавад?» Лек рӯзшумарӣ ба дил зад, мушкилотро яксара карданӣ шуд шӯ: «Раваму писарро бағал гирифта оварам». Арча ба ин шунида майл кард, ки аз нав дар дили шавҳар ҷой шавад, зоро рӯзе иқрор бикунад: «Аз рашку ор Сайисро куштам»... Арча миёни обу оташ буд, шӯ зани дигар гирифт.
«Занҷаллоб». Ҳарфи Арча буд ё каси дигар зери лабу дандон фармуд, ба ҳар ҳол ин лақаб ба ӯ часпид.
Сайисалӣ забон баровард: «Оча, ман падал долам?»
«Бале бачам. Падарат мардикорӣ рафта. Рӯзе хоҳад омад; кисаҳо пури доллар, бӯғчаҳо пури либос, зери пой мошин; туро тӯйу тамошо хоҳад дод.»
«Кай? Кай? Кай?!»
«Пеш аз мактаб рафтанат...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо