МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Уллааа!!!»
Сайисалӣ мактабрав шуд, лек нарафт. Зеро умедвор буд, ки падар ояду мисли дигарон аз дасти писар гирифта, аз остонаи мактаб дарун кунад ва ҳама шиносанд, ки падари Сайисалӣ кист.
«Оча, падар наомад-ку?»
«Падарро роҳзанҳои дашти Қазоқ дастгир карда, мошинашро кашида гирифтаанд, пулашро низ... Пиёда ояд... дер ояд. Ту бояд ба мактаб биравӣ, то омадани падар, хондаву навишта тавонӣ; ӯро нома нависӣ, ки калон шудайӣ, зудтар қадам бардорад... Худам туро ба мактаб барам. Бояд бо ҳама дӯст бошӣ, якранг муомила бикунӣ. Хуб хонӣ, сухани ноҷо нагӯйӣ, то наранҷонанд».
«Чи хел?»
«Чӣ хеле, ки ҳастӣ: орому ботамкин, андешаманд; тозаву озода, хушлибос. Дафтару китобро ранг накунӣ, хат накашӣ, сухани ноҷо нанависӣ; ба ҳарфи устод гӯш бидиҳӣ. Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар».
«Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар... Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар... Куҷо падар?»
«То сарҳади Ӯзбакистон омадаст. Роҳбонҳо нагузоштаанд, ки биёяд».
«Золиманд онҳо?»
«Бахил».
Шояд ба маънии баъзе калимаҳо сарфаҳм наравад, лек хаёл кунад, ки зери он чизе ҳаст: «Чаро роҳзанӣ кунанд?» «Бахил»- ро чунин пиндошт ва аз модар пурсид: «Омадан намонанд?»
«Не, худаш чаппа гашта боз Русия рафтаст, ки дасти хушк аз дар даромадан хуб нест. Бо чӣ ниятҳо рафта буд, ки пул кор карда ояду туро тӯй диҳад...»
Ин бор писар модарро то охир гӯш кардан нахост. Дурӯғ ё фиреберо эҳсос кард. Бе дафтару китоб аз сарой бадар рафт ва баъди фурсатҳо мисли худ ҳамсинфи фақирак писари Сабриддини сартарошро ҳамроҳ овард ва ба коҳдон дароварда чиҳоеро нишон доду чиҳое гуфт, ки хандон баромада, боз кӯча рафтанд. Баъди рафтанашон модар низ коҳдон даромад ва ҳама ҷоро аз назар гузаронд, дигаргуние надид, ҷуз ҷодуе, ки зери дори шировез кашидаанд. Модар дер ба хаёл рафт ва пиндошт, ки писар ҷойи зодашудааш – тӯдаи пахолу нӯшхӯрдро намудаст ба Ҷӯра.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо