МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Падари ман пул фиристод, ки либоси мактабӣ, дафтару китоб харам...
– Падари ман... падари ман... падари ман ҳам... фиристоданӣ... не, оварданӣ буд... Роҳзанҳо кашида гирифтаанд...
Баргашта Русия рафтаст, ки пул кор карда орад; ҳам дастамро ҳалол кунаду ҳам дафтару китоб харад.
– Ҳоло дастат ҳаром аст?
– Дастам ҳаром нею чукам нобурида... Беҳтар агар бозӣ кунем.
– Ман бо ту бозӣ накунам... Даст ба даст вохӯрдӣ ҳам накунам.
Сайисалӣ чашм танг дошта, даҳон кушода, ҳайрон ба ӯ нигарист, ки як ҷӯраи дилхоҳ пайдо кард, он ҳам гурехтанист.
Сар андохт ва андешид ҳама муносибатҳоро: «Шояд ҳамсинфон ҳам мисли Ҷӯра андеша дошта бошанд?» «Чу!»
гӯянд, шиҳа кашанд: «Ҳиинн... ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!» чу асп ва завқ баранд аз карда.
«Сериалро тамошо кардӣ?»
Сайисалӣ аз ӯ дил канданӣ набуд, балки бо ӯ бозӣ хост. Бозие, ки аз филм омӯхта буд: «Мурда, аз нав зинда гаштан». Чун Ҷӯра дар дил ғубор дошт, чизе нагуфта равон шуд. Сайисалӣ дари коҳдон ӯро боздошт:
– Нахоҳӣ, ки мурда, аз нав зинда шавем?
– Ранги кино?
– Ҳо. Бозӣ. Аввал ман мураму зинда шавам. Пас ту. Пасон ба якдигар қисса кунем, ки чӣ дидем дар он дунё.
– Чӣ, мо дар он дунё ҳамдигарро намебинем?
– Умм... Умм, надонам... Шояд бинем, шояд набинем...
– Чӣ лозим чунин бозӣ?
– Агар хуб бошад, нахоҳем баргаштан. Аз зиндагии имрӯзаамон батар бошад, хоҳем баргашт.
Ҷӯра сар хорид. Чанд бор чашм танг карда нигарист, лаб лесид, ки чизе гӯяд, натавонист. Сонӣ ба пасу пеш нигарист сар фарогӯши ӯ овард: «Зиндагӣ аз ин батар ҳам шавад?»
Сайисалӣ ҳам ба гӯши ӯ гуфт: «Нашавад». Дар лаби ҳарду табассум дамид, ки заб мавзӯъи сӯҳбат ёфтанд, вале ҳамон лаҳза шикаст андар лабашон табассум.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо