МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Дар ин дунё, дар он дунё... Дар он дунё, дар ин дунё...»
фармуд. Аммо нагуфт, ки чӣ хоҳад. Даст афшонд. Ба назар ҳама андешаи нохуб, дилгиру дилбазан ва азобҳои ҷаҳаннамона, симоҳои зишту каҷу килеб, дандонҳои дарози шеру палангона, чашмони бумона, андоми боғуруру пуч ва шикамҳои монанд ба деги пасрӯро аз назар дур андохт ва завқманд сӯйи ҷоду, шировези чӯби кафтарнишин, тӯдаи ношхӯрду пахоли нимпӯсидаи шолӣ, меху охури модиёни беному нишон ва ба суроби гумгаштаи курраи ширхора нигарист ва гӯшаи чашм ба Ҷӯра андохт, ки чизе пай барад ё на? На. Чизе надонад. Ҳайрон аз паси нигоҳи ӯ дида давонад; ҷоду, шировезу дорчӯб бинад ва бӯйи порӯйи асп, коҳу пахоли пӯсида, бӯйи тамоку шунавад.
– Ин шировез боби бозии мо нест. Канда нашавад. Буриданаш ҳам душвор... Ин шавнӣ ҳам борик, ҳам зуд канда шавад,
– пешбиние буд.
Шавнӣ – ресмони борики табакгузаронӣ, ки аз замони шӯравӣ боқӣ монда ва занони ферма, барги тамоку ҳамел мекарданду Сайис аз сутун то сутун мебаст. Ҳолиё Сайисалӣ як нӯги шавнии аз охур пайдошударо ба рави кафтарнишин бандад ва нӯги дигарро ҳалқадав овезон ба тори ҷоду кунад: «Мо чиҳое бинем дар он дунё, ки дар ин дунё надидаем... Агар падарамро бинам, туро гӯям, ки чӣ кас аст? Чун падари ту навчаи хандон ё мисли падари Раҷаби Кабуд – кабуди кабуди лабчок...
лаънат ба ӯ...»
– Чаро?
– Ҳамун маро «ҳаромӣ» гуфт... Ҳатман аз дасташ гирифта пешат орам.
– Кабудро?
– Не... Падарро.
Ин бор Ҷӯра ба Сайисалӣ нигарист; чунон ки ӯ нигариста буд ба Ҷӯра: даҳон воз; дандонҳои фитодаи пеш дарича гашта ба даҳон, чашмон нимпӯш, ки теғи офтоб кӯр мекарда бошад.
– Ана ин хел, Ҷӯраҷон: рӯйи ҷоду мебаройӣ, ҳалқаи хафадаввакро ба гардан меандозӣ, ҷодуро ба пой мезанӣ... вассалом... Ҳоло ҳавойӣ машқ мекунем. Ман гӯё ҳалқаро ба гардан андохтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо