МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҷодуро пой задам ё тела додам... Кашол шудам. Ту танобро буридӣ. Ман афтидаму мурдаму зинда шудам.
– Чӣ дидӣ, дар Биҳишт?
– Ҳоло намурдаам-ку! Ин машқ... Акнун навбати ту, Ҷӯра.
Ҷӯра низ худро кашол кард ончунон хаёлӣ. Ҷоду аз зери пояш гурехт... Афтоду мурд... ва хест.
– Ту чӣ дидӣ, Ҷӯра?
– Ман ҳам нарафтаам ба дӯзахат. Чунки тарсидам. Ҳалқаи каманд гулӯмро гирифт, нафасам гашт. Мурдам...
– Чӣ тарсончакӣ... Машқ тамом. Инак навбати мурда, аз нав зинда гаштан ва дигар бора намурдан. Ана, ҳалқаи дор ба гардан андохтам. Ҷодуро по занам. Ту ресмонро бибур... Баъд ман ресмони гардани туро буррам...
Ӯ ҷодуро позад. Овезон шуд. Ҷӯра корд надошт. Каманд канда нашуд. Сайисалӣ садо надошт. Чанде пой зад. Пасон бо ҳама вазн кашол шуд. Дастон ба қадаш ёзиданд... Ҷӯра тавонист фарёдзанон аз дари сайисхона барояд: «Сайисалӣ-ӣ-ӣ!!!»
30.10.11.
САДАИ ОДИНА
Одина Ҳошим соли 1990 ба Қосимободи Панҷекат омад. Аз наҳри Марғедар поён мардум ниҳол мешинонданд. Одинаро ҳавас омада наздик ба эшон шуда «Худо ёр!» гуфт ва остин бар зад, то ниҳоле шинонад. Ӯро ниҳоле сада доданд. Нишонд.
Сабз ва овоза шуд. Ҷанги бародаркушӣ сар зад дар ҷанубии Тоҷикистон. Аз воҳима касе ба ниҳолҳо об надод. Сада хушк шуд. Рӯзе аз рӯзҳо чаҳор тан низомипӯш ба Қосимобод омада пурсиданд:
– Садаи Одина кадом?
Писари Қосим Шариф чӣ гуфтанро надонист: «Росташро гӯям чӣ шавад?» аз дил гузаронд. Чун ҳайбату сиёсаташон зӯр буд, фармуд: «Ба пойи худ омадед чу Одина. Як дам шинед, нафас рост бикунед. Як пиёла чой...»
– Мо вақт надорем! – фармуд сардорнамояшон.
Писари Қосими ободгари ин диёр Шариф хеле андешид ва чора ҷуст. Пасон онҳоро ба ҷойи беҳтарини канори «Шаршар» бурд. Беҳтарин садаи боғро нишон дод:
– Ана ҳамин...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо