Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Аҷаб ҷавоне. Чашойӣ ҳам накард. Аз чӣ рӯ тарсӯст? Вазифа касро тарсӯ гардонад.»
Вале рӯзи зиёд нагузашта, Одина бо кӯчайи ошно гузар карда пирмардро дар хараки дами дарвоза надид ва рост то дӯкон омад.
– Биёед, отаҷон!
– Омадам, соҳиб. Инак ман аз ширинворҳойи самарқандиёнайи шумо хоҳам чашид.
– Нӯши ҷон!
– Чунон ки дарёфтам, шумо майли Боғи Баландро дидан ҳам доред?
– Агар Худо расонад...
– Пайғом (виза) шавад, меравед?
Пирмард чизе гуфта натавонист. Ашку ғамбода гулӯяшро баст. Ӯ ба ишорайи сар тасдиқ кард...
... Тайёра то Москов парвоз кард ва Пирмард ҳамроҳи зан ба тайёрайи дигар нишаста то Самарқанд омад. Чун аз дари тайёра рӯйи зинаҳо баромад, ҳавойи форам ва бӯйи гуворойи Самарқандро шамид. Вале буйи карасини сӯхта, ки ин бӯйи гуворойи зарафшониро ғашовар мегардонд, нафоридаш. Бо вуҷуди он дароз-дароз нафас мегирифт; гӯё ғанимат мегирифт.
– Ман аҳд карда будам, ки поям ба хоки Самарқанд расад, намози шукрона гузорам...
Нахуст ҳарисона ва носер ба ҳар тараф дида мечаронд; нафас кашида, сари сина медамонд; медид ҳамаро дигаргуна.
Саҷҷода густурд рӯйи хок ва пешонӣ ба замин зад.
Ва дер истод. Сар рӯйи пушти дастон ноҷунбон буд.
Ҳамсараш омада ҷунбон-ҷунбон кард. Нимрӯ афтид. Оби даҳон саҷҷодаро тар карда буд.
6.04.07.
МЕҲРИ ВАТАН
Тайёрайи мусофиркаш аз Лейпсики Олмон сӯйи Эрон парвоз дошт. Танҳо як нафар хешро ноҷӯру нороҳат эҳсос мекард. Аммо дар дилаш умеду орзу меҷӯшид. Дигарон ба гӯйишҳойи микрофонийи роҳбалад, оҳангҳойи шӯху ҷаззоб гӯш диҳанд, наҳору обу қаҳва хӯранд, бо ҳамроҳи паҳлӯ ё пасу пеш сӯҳбат кунанд, ӯ дар худ ва андар курсӣ фурӯ рафта буд.

пешина
аз 344
навбатӣ