Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Меҳмонон садаи ғуппаи монанд ба гулдастаи азим ё монои мусаввираи беҳамторо, ки нури офтоб аз миёни баргҳои анбӯҳ убур карда наметавонист; чатри осмонӣ дониста, бо шавқу завқ тамошо карданд: «Монанд, ба тори рост гузоштаи Одина монанд, ба садои ҷонбахшу рӯҳнавозаш ҳам... «Он, ки сардор буд ба китфи Шариф каф зада фармуд:
– Офарин. Бори нахуст дидем, ки дарахт ба соҳибаш монанд мешудааст.

НИЁЗИ ПАШМАК
Ниёзи Пашмак се зан гирифт: Зани аввал Зайнаб ҳамсолаш буд. Солиму бардам; дандони зану шӯй барҷо. Ҳар кас бо дандони хеш мегазиду мехойид. Чун Зайнаб даргузашт, дандонҳои шӯй фурӯ рехт. Зани дуввум Сафӯро бодандон буд.
Нон ва дигар чизҳоро хойида ба даҳони шӯй мениҳод. Чун Сафӯро даргузашт, шӯй ҳар рӯз ба гӯристон рафта, гӯри зан оғӯш карда мегирист, ки особи бемалолаш буд. Ниёз Пашмак зани саввум гирифт. Райҳон низ дандон надошт. Нони хушк, мағзу мавизу набот дар ҳован кӯфта, ба шӯй мехуронд. Ниёз Пашмак маззаву лаззати хӯрданӣ дарёфт ва ба гӯристон рафта гӯри зани дуввум Сафӯроро се лагад зад.
Пурсиданд: – Чаро чунин кунӣ?
Фармуд: – Гӯрсӯхта ҳама лаззати моли дунё худ чашида, тилфи он маро медод.

САНГКӮБАК
Тик-тик баромад аз зери мармари бурида, ки бехи дарахт буд. Беш гӯш додам, нигаристам, чизе надидам, дарёфт ҳам накардам. Канортар шудам. Аз зери санги дигар омад садо.
Аҷаб намуд. Лек зӯре набуд, то санги гаронвазнро рӯ гардонда бубинам, ки чӣ асрорест? Дер истодам ҳайрон. Тик-тик пайваста меомад. Ба сар афсонаи кӯли Искандар ва дурдонаи зери об омад: ҳар рӯз теғи офтоб дурдонае зери об метофт. Чун ғаввосон зери об раванд гум мешуд. Искандар асрор аз ҳакиме пурсид. Ҳаким пурсид: «канори истахр дарахте ҳаст?» Гуфтанд: «Ҳаст». Ҳаким фармуд: «Шохи дарахт мурғе лона монда ва тухме гузошта, ҳар теғи офтоб акси тухм ба об занад ва дурдона тобад». Низ ба сафедори хушк нигаристам аз ҳар ҷониб ва паррандае эзорсурхак дидам, ки нӯли дирафшӣ ба танаи дарахт мекӯфт ва акси зарба аз реша меомад.

пешина
аз 344
навбатӣ