МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
16.07.11.
ДУ ТАБОР
Ду табори ҳамдеҳа сахт ҷангӣ буданд ва адоват доштанд бо ҳам, вале илоҷу роҳи ҳамдигарро нобуд сохтан надоштанд.
Чун фарзандон ба воя расиданд, хонадони писардор андешид, ки духтари табори ҷангӣ ба арӯсӣ гиранд. Баҳона: оштӣ шудан, то кину адоват дар миён намонад. Паймон бастанд ва гӯйӣ дӯст шуданд; арӯс ба хонаи домод оварданд. Фардо овоза шуд, арӯс ворафта баромад. Аз нав ҷангҷол ба миён омад. Падари домод иддаъо кард, то падари арӯс хароҷоти базму сур баргардонад. Кор то додситон расид. Арӯс, ки дергоҳ ба худ наомада буд аз шармандагӣ, яке ҳуш ба сар зад ва фармуд: «Ман духтари хонаам. Домод ба ман нарасидаст. Маро бубаред, ташхис бикунанд!» Чун ташхис шуд, духтар бокира баромад... Онҳо аз нав ҷангӣ гаштанд на ба суди домод.
19.07.11.
ИШҚИ КӮДАКӢ
Модар сафар бирафт ва писар ба хонаи амма гузошт. Амма наберае дошт Ёсуман. Писарак Некрӯ. Ёсуман баррачае дошт зебову хушрӯй, ҳушёру шӯх ва ҷаъдмӯйи кабудранг. Некрӯро сахт хуш омада буд. Ҳавасе пайдо шуд, ки низ чунин баррача дошта бошад. Аммо Ёсуман зеботар ва дилработар аз барра буд. Некрӯро боз ҳавасе пайдо гашт, ки ҳар дуро дошта бошад.
Кӯдак дурудароз зери абрӯ ба Ёсумани қадрас менигарист, лек изҳори дил карда наметавонист. Зеро сухани мувофиқ пайдо набуд; хоҳиши дил гуфта наметавонист. Нигоҳ мекарду дида медуздонд, то духтар гумоне накунад. Агар Ёсуман сӯяш нанигарад, дер зеҳн мемонд ба ӯ; аз дилу мағзи сар хаёлҳои зиёд мегузашт, лек лол буд писарак; чунки чӣ гуфтанро намедонист; ҳатто сарфаҳм намерафт, ки ин ҳама чӣ маънӣ дорад. Чизе аз дарун пур шуда то гулӯ меомад ва ӯ мехост, ки чун бузургсолон шеъри зиёд донаду дам нагирифта ба Ёсуман хонаду хонад, то ӯ пай барад, ки нигоҳаш чӣ маънӣ дорад, буғзи гулӯй низ кушода шавад. Ёсуман гоҳе ширинтар гардад, ки сар шӯяд ва ба ҷойи собун ҷурғотро кор фармояд; мӯяш сиёҳи равғанӣ гардад ва аз сарашу буни гӯшаш бӯйи ҷурғот ояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо