МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Гумонаш ҳама ба ӯ менигаристанд ё ҳарфашро мегуфтанд. Аз ин рӯ торафт фурӯтар мерафт, то набинандаш. Аммо касе намедонист, ки ӯ кист ва чаро ин ранг нишаста? Дигарон китобе, маҷаллае, рӯзномае мехонанд ё аз тирезайи гирда оламро тамошо доранд, вале ин марди солдидайи гандумгун ва миёнақомати абрӯсиёҳ, ки ба чашмон айнаки сиёҳ низ гузоштааст, ба ягон чиз эътибор намедиҳад, ҳатто ҳалқаш хушк гашта, дилаш тапида-тапида то гулӯ ояд ҳам ҳалқашро тар кардан намехоҳад, ки мабод об дар гулӯяш дар монда, сурфааш омада диққати бисёриҳоро ба худ гардонад. Миёни хомӯшийи мутлақ (ӯ чунин пиндорад) садойи муҳаррики тайёра қабатҳойи ноаёни фазоро сӯрох карда сӯйи манзили умед роҳ мепаймояд ва Дастурӣ як бор саргузашт аз сар мегирад, ки анҷомаш то куҷо бошад. Инқилоби озодихоҳӣ, фирор, ғурбат, мулки бегона, дарёфти кишвари ҳамзабон, мусофирӣ, миёни ҳамзабонон ҳамдил наёфтан... ахиран сӯҳбатҳойи Дайламиву Тарбият ва духтараш Гулнисо, ки дар радиойи тоҷик ҳамроҳи мардон шоҳномахонӣ мекунад.
– Рӯйи дарёйи Хазарро убур мекунем!
Дили ӯ сахт метапад. Чунон сахт, ки аз даҳон омаданист.
Зеро ӯро кӣ ва чигуна пазиройӣ мекарда бошанд?
– Ҳуҷҷатҳойи шумо?
– Ман Дастурӣ ҳастам. Эронӣ!
– Чӣ ҷур бовар кунем, ки шумо Дастурӣ ҳастед, эронӣ?
– Шиносномае дорам аз Тоҷикистон.
– Чипта, ки надоред?!
– Ман, ки ғариб будам. Ёди Ватан мекардам. Орзӯям ин буд, ки Эронро бубинам, хокашро бибӯсам...
– Хуб оғоҷон! Ин кор аз дасти мо намеояд. Шумо қойидаву қонунро фаромӯш кардед...
Дастурӣ хун мегиряд:
– На! Ман ин ҳамаро медонам. Аммо илоҷи дигар надоштам. Агар чунин накунам, меҳри Эрон дар дилам зангор мебаст. Ман бӯйи Ватанро намешунидам, хоки Ватанро намебӯсидам. Ҳамасола орзӯям буд, ки Эронро бубинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё