Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Зан ин саҳар ранги рӯйи Усторо дигаргуна дарёфт. Пушт гардонида хобида буд ва зиёд ҷунбид. Зан ҳам напурсид, ки ягон ҷояш дард мекунад ва ё ягон хаёли ноҷо хобашро паронидааст. Дастархон кушода чойники чойро пешаш гузошт ва «кори колхоз» гӯён баромада рафт. Зери чашмони Усто халта шуда буданд. Ба худаш монанд набуд: лабу лунҷаш овезон; ҷиготаш ҳавойи гирифта барин. Фикраш ҳам фурӯ хуфта:
«Кори колхоз... Дигарон таҳ карданд, ту маҳ мекунӣ...»
Чунин андешаҳо дар сар ва афзори дуредгарӣ дар сандуқчайи дастадор ва потеша сари дӯш ба боғи Усмонбой рафт, то биное бунёд кунад. Лек парешон буд: тешаву потеша рост ба нишон намерасид. Ва ҳеҷ зан ӯро ба чунин ҳол наоварда буд. Хаёлаш – ҳама афзори корӣ дар хонайи Усмонбой гузорида ба хона давад, ё сари дашт, ки занаш чӣ ҳол дорад.
Гургони гурусна мағзи сару дилашро чангу ханҷол мезананд:
«Карру кӯр буд-ку дар ҳамин ҷо? Ман ҳам мисли Раму шудам: Ҷӯраҳояш аз пушти кӯҳи Қоф зан ёфта оварда буданд барояш. Маро кӣ овард? Ҷӯра. Аввал худаш аз ҳамон деҳа зан оварду ба ман ҳам ёфт. Худо гирад бодовардро! Боз барад...
Намефҳмам рафтори занакро. Ё касе дар миён ҳаст, ё дил ба касе баста, ё аз омаданаш пушаймон. Хаёлӣ. Шояд доштааст ҳамин чизро, ки дар диёраш касе даҳан наандохта... Ҳозир ҳамин хел ҳам ҳаст. Ҷавонон шаҳрҳойи азим хонданӣ рафта барнамегарданд; шӯмурдаҳо шӯ намеёбанд. Мешавад, ки худашонро ба савдо монанд... Чунин рӯз ҳам мерасад. Лекин аз ҷое зан оваранд, бадмастҳо тагу тирезашро надониста қош мепарронанд; чашмакӣ мезананд. Ҳол он ки шояд зани омада бадтар аз занҳойи бетолеъи худамон бошад. Табъи одамӣ харонаву миҷозаш сагона...»
– Сабил мон! Дигар ҷо наёфтӣ, ки ба пойи соҳиби худат задӣ?
Потеша кавшро буриду маҳсиро пай кард ва ангушти сағири пойи ростро лат дод. Усто аз рӯйи феълу хӯ бояд потешаро канор андохта ҳама қаҳру ғазабро рафъ мекард. Аммо онро оҳиста канор гузошта дастайи аз сов-сову рафту омади даст лайс гаштаашро сила кард ва буридайи кавшро бо ангушт сойида хабар гирифт: «Бало назадааст...»

пешина
аз 344
навбатӣ