Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Кавшу маҳсӣ чандон дилсӯз набуд, аммо Усто аз он хубтарашро надошт: кавши қутканда; пушти пошнааш ҷағида. Усто аз кадом мӯкийи кӯҳна бурида, дарун-берун қат гардонида, дарбеҳ андохта буд, ки кӯки аз андоза зиёд кори ноусторо мемонд. Маҳсӣ ҳам кӯҳнайи рангпарида буд ва чарми қабати боло пулакча-пулакча ворафта метофт. Усто баъди оши маърака дасти равғанолудашро ба он мемолид, то ранги кандааш пинҳон гашта маҳсиро сиёҳтоб намояд. Ва чанги онро кӯрпачаҳойи маърака тоза мекард. Вақтҳойи безанӣ Усторо хуш намеомад, ки маҳсӣ аз пой кашида бихобад. Чӣ навъе аз кор омада бошад, ҳамон зайл таги кӯрпа медаромад. Ҳоло Андарӣ намегузорад, ки маҳсидарпой хоб кунад.
Аҷаб одаме: аз мардум мегурезад, ки гапашон зиёд; худаш ба касе чизе намегӯяд; одам дорад ё ягон бало, ки худ ба худ ғур-ғур карда чиҳое мегӯяд; ҷуз худаш касе намефаҳмад, ки чӣ мегӯяд: «Дар номи худо мурам, одамро беҳуда офарид.
Ҳайвон бас буд дар рӯйи Замин. Алаф хӯрда мегашт. Акнун бин, ки баройи гӯшти ҳайвон инсон миёни якдигар хунхорӣ мекунад. Ҳайвонро ҳам мекушад, одамро ҳам. Лек ҳайвон одамро бинад, мегурезад. Хаёлаш хунхортар аз ҳама одам аст.
Шабҳойи танҳойӣ аз ҳайвон бим надорам, зеро медонам, ки вай аз одам худро канор мегирад. Тарсу ваҳмам аз одам аст, ки ба хона дарояд, ё ба даҳон ягон чиз пахш мекунад ё куллук, ё чӯпонӣ баста хонаро шуста меравад; дилаш дур равад, баройи як пули пуччак кушта, ҳамаро метозад. Хубаш бо одам рӯ ба рӯ нашавӣ. Ҳайвон кирдору рафторе дорад, ки кас меомӯзад. Аммо инсон чун Аҳмади порина ҳоло ҳам то одамӣ нарасидааст. Аз ӯ бояд гурехт. «Шарофати одамизод баланд, аз ин рӯ ҳайвонҳо мегурезанд» мегӯянд. Дарёфтам, ки онҳо аз ночорӣ мегурезанд. Баракс одамизод шарофати баланд дошта бошад, ҳайвонҳо ба ӯ наздик мешаванд...»
Фаҳмидан душвор зоҳиру ботини ин касро. Худро ба бечорагиву хоксорӣ мезанад, лекин андешааш дигар. Гӯё чунин ҳаёту чунин олам ӯро хуш намеояд. Чизи дигар мехоҳад. Чунон, ки дигарон орзу мекунанд. Тамоми аҳли башар ин орзуро доранд; ба сериву пуррӣ ва зиндагийи хуби дигарон шодмонӣ мекунанд: «Агар чунон бошад, хубтар...»

пешина
аз 344
навбатӣ