Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ман агар бисёр чизҳоро аз сар намегузаронидам; ба чашми худ намедидам; ба гӯши хеш намешунидам бовар намекардам... Ҳар чизи нави ҳоло ба чашму дили мардум нанишаста бегона ё дурушту дағал метобад. Аз ҷумла муҳоҷиргардонӣ аз кӯҳпораҳо ба водиҳо. Ин чизро мардум ё баъзе касони маҳалгаро кори носавоб донистанд ё қасдкорӣ.
Чунки ҳиссу фаҳму дарки онҳо то миллатгаройӣ нарасидааст.
(Бубахшед, ҳоло маҳалгаройиро аз миллатгаройӣ фарқ карда наметавонанд.) Муттакойи ман таърих аст. Ҳарчӣ омӯхтаму фаҳмидаму донистам аз китоби таърих аст, ки бисёр касони мо ноогоҳанд. Ҳатто таърихи хешро варақ назадаанд. Донишашон даҳонакист. Баҳо доданашон ба ин ё он ҳодисаву воқиъаҳо низ даҳонакист. Кӯчонидани мардумони кӯҳпора ба водӣ тасодуфӣ нест ва ноҷо ҳам нест. Аввал мо бояд донем, ки аслу насаби кӯҳнишинон аз куҷост. Сода карда гӯям: инҳо ҳамон касонанд, ки замоне шаҳрнишин, водинишин буданд.
Аз дасти зулму ситами тохтоварон, душманони тороҷгар, аҷнабиву бегонагон гурехта, дар қабати санг бо тарсу ваҳм насли боору номуси хешро нигаҳ доштаанд ва афзудаанд.
Инҳо ҳамон суғдзодҳо ва тоҷиконанд, ки хонайи хеш ба душман гузоштаанд. Ва имрӯз мебинем, ки хоки тоҷикон торафт танг мегардад. Душман дар хонайи ӯ ҷой мегирад... Баройи он ки хоки пок аз даст наравад, мо роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтем, ки марзҳову покбумҳо бетоҷик набошад... Сухан кӯтоҳ: Онҳоро бояд ба асли хеш баргардонд. Ин ниҳоят андешайи дурбинона мебошад, ки ман мурдаву шумо зинда, баъди панҷоҳ – шаст сол самари онро хоҳед дид; ҳам водӣ обод мегардад ва ҳам Кӯҳистон...
22.04.07.

ИМШАБ ТАМОМИ ШАБ...
– Мардак, намехезед?
– Имшаб тамоми шаб кор кардам, занак...
– Шумо тамоми шаб кор мекардагӣ набудед-ку?
– Гумонат тамоми шаб кор кардан фақад ҳамроҳи...
– Ман надидам. Ба рости ҳамин мегӯм.

пешина
аз 344
навбатӣ