МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ин дарвозайи бӯстонсаройи Иттиҳодияйи Нависандагони Тоҷикистон аст. Шояд дар ин қадоба хубтар ва хушҳавотар аз он манзиле набошад, ки бузургтарин оламиёни қадамранҷакарда аз боду ҳаво ва садойи дилхурӯшу гӯшнавозаш хушҳолу болидаруҳ гаштаанд. Албатта ҳолати хубу руҳи болидаро меҳмоннавозийи устоди бузург Мирзо Турсунзода низ мебахшид. Яке аз чунин алломаҳойи Олам Бобоҷони Ғафур буд, ки устод Турсунзода ба шарафи эшон дастархон кушода буданд. Меҳмондориҳойи устод бе шашмақомхонони бузург Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов, Нериё Аминов, Ҷӯрабек Муродов намегузашт. Миёни авҷи базм Устод ба ҳавойи мусиқийи руд хурраму шодон шеър гуфта, хидмат ва адофаҳмийи ромишгаронро сутуда; барори кори таърихиву фарҳангийи Тоҷикистонро аз хидматҳойи бедареғи аллома Бобоҷон Ғафуров дониста, пӯсти ковокгаштайи лаб ва холи сиёҳи модарийи абрӯро маҳин-маҳин бо ангушт ламс карда, сипосгузор аз аллома инони сухан ӯро доданд. Аллома бо тоқийи чоргули рахҳояш аз зарби қат карда ба ҷайбу ҷомадон задан теғадор, хеле фақир, фурӯтан, хоксор метофтанд. Шояд ӯ баройи тоҷик буданашро аз дуру наздик шинохтан вақтҳойи охир ин тоқиро фарқи сар гузошта мегашт. Ё ягон маънийи дигар дошт, ки ҷуз худаш касе сарфаҳм намерафт. Ӯқомат афрохт. Қоматаш аз бузургиаш ва овозааш пасттар метофт.
Лек чорпаҳлӯ буд. Пойи андаке дардманду нимлангашро ҷобаҷо кард. Хеле ба шарфаву садойи оби руд гӯш дод ва хомӯшийи муҳиту атрофро дарёфта, як бор сурфид ва аз касе гиламанд афзуд: (мазмунан.)
– Ман ду бор ба Котиби Аввал занг задам, ки ба ин ҷо биёяд. Наомад... Шояд гумон кунанд, ки ман ин ҷо мансабталабӣ омадаам. На! Вақти мансабталабиам гузашт. Ман омадам, ки дар Ватани худам Тоҷикистони азиз хок шавам... Намедонам... ин хок маро роҳ диҳад ё на?
Устод Турсунзода (Луқма):
– Ин хок шуморо роҳ надиҳад. Киро роҳ диҳад?
Аллома Бобоҷон Ғафуров (Ба чашм об гирифта):
– Одаму ҳаводис, Мирзоҷон! Таърих гувоҳ аст, ки аз одамӣ ва гаштанҳойи чархи таърих ҳама чизро чашм доштан рост меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё