МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Он чӣ аён аст, чӣ ҳоҷати баён аст? Аммо дар худ мепечид: «Ӯ калонпоя. Паси дари идорааш навбат мепоянд. Лекин назди мани... (намедонам чӣ кас бошам) мошин медорад.
Тавба... Ҳайату салавоташ бас, ки боэҳтиёт дасти вохӯрӣ дароз бикунӣ. Лек бо ман ширингӯйӣ мекунад. Мегӯйӣ, ки якҷоя калон шудаем. Кулоҳу галстуку либоспӯшиаш дунёйи нав. Муносибату одамгариву одамшиносиаш – дунёйи кӯҳна.
Ангуштшумор чунин касон. Ба мани назарногири аз дастам ҷуз оҳанваслкунӣ коре намеомада ин хел муомилаву муносибат мекунад...»
– Чаро пиёда мегардӣ, Сироҷиддин?
– Охир, райисҷон...
– Фаҳмо... Мошингирӣ осон нест... Ман, ки аз дамгирӣ баргаштам як наздам даро...
«Ба номи Худо, дигар кас бошад ба ҷойи ӯ, ҳамроҳат оши худойӣ намехӯрад!»
22.04.07.
ТОҶИК
Ӯ чӣ хел меҳмон буд, мо нафаҳмидем. Сари дастархон нанишаста, аз чӣ хотир мағалгаройӣ кард:
«Дер хабар кардӣ? Боз худат не, як одами бегона омада гуфт. Тоҷик-дия! Забонаш ба хабаркардан намегардад, кимкиҳоро восита мекунад. Дастархонаша бин. Тоҷик-дия!»
Тоҷиддин ба ман менигарист бо савол, ман ба Сироҷ ва Сироҷ ба Тоҷиддин: «Ӯ кист?» Китф дар ҳам мекашидем, ки ӯ кист. Сари диламон пур буд. Забонамон мехорид. Аммо худдорӣ мекардем. Зеро намедонистем, ки ӯ кист? Шӯхӣ ё ҷиддӣ гуфтанаш аён набуд. Аммо соҳибмаърака ба гуфтаҳойи ӯ шакарханда мекарду сар меҷунбонд ва сафедийи дандонаш базӯр менамуд. Сафедмӯй буд ӯ; сафедрӯй буд ӯ. Дар рӯяш хун надошт. Шикамдамида. Кадом муаллимро ба ёд меовард, бо чунин гуфторҳо миёни ҳамкасбон ва шогирдон хешро обрӯманд гардонидан мехост. Гӯё хушгӯйӣ мекард:
«Тоҷик-дия, ошпазиро ҳам намедонад. Ин ошро бин...»
Наҳ мезанад? Кинояву гӯшона мегӯяд? Ё ягон вақт касе аз нишастагон дар борайи тоҷику тоҷикгарӣ чизе ноҷо гуфтааст, ки ӯро нафоридааст? Ё гоҳи консерт тамошо кардан сарояндае «Тоҷикам!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё